Оид ба омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд маълумот дода шуд

    Президент Шавкат Мирзиёев 29 апрел бо тақдимоти рафти тайёрӣ ба Форуми III байналмилалии сармоягузории Тошканд шинос шуд.

    Обрую эътибор ва миқёси ин чорабинӣ торафт меафзояд. Агар дар соли 2022 ба нахустин форум аз 56 кишвари ҷаҳон беш аз ҳазор меҳмони хориҷӣ омада бошад, имсол иштироки қариб 2,5 ҳазор нафар аз 84 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Дар байни онҳо намояндагони ҳукумат, роҳбарони ширкатҳои бузург, инчунин меҳмонони олиқадр аз созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили СММ, БАТР, ОПЕК, СҲШ ширкат хоҳанд кард.

    Мувофиқи фармоиши Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон ба форум тайёрии хаматарафа дида шуд. Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо дар якҷоягӣ бо вазоратҳои дахлдор тамоми чораҳои ташкилиро андешидааст.

    Форум барои намоиши имкониятҳои иқтисодии кишвари мо ва бастани созишномаҳои мутақобилан судманд майдони қулай мебошад. Барномаи форум беш аз 40 чорабинӣ, аз ҷумла ҷаласаҳои сексиявӣ, мизҳои мудаввар, муаррифӣ ва ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматиро дар бар мегирад. Инчунин маросими ба истифода додани як қатор лоиҳаҳо дар кишвари мо ба назар гирифта шудааст.

    Сарвари давлатамон ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани анҷуман ва намоиши ҳамаҷонибаи иқтидори сармоягузории ҳар як соҳа ва минтақа супоришҳо дод.

    Ба ғайр аз ин, 3 май сессияи дуюми умумии Шӯрои сармоягузорони хориҷии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад.

    Маълум аст, ки шӯро дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ва амалиёти пешқадам ба ҳукумати Ӯзбекистон оид ба самтҳои муҳимтарини рушди сармоягузорӣ, саноатию технологӣ ва инноватсионии кишвар тавсияҳо медиҳад. Дар ҷаласаи дарпешистода ҳамчунин масъалаҳои мубрами беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадор баррасӣ мешаванд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates