Дар маросими тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Амири Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ иштирок доштанд.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин ёвари Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Александр Зуев ва мақомоти расмӣ аз кишварҳои хориҷӣ низ ширкат доштанд.
Композицияи металлии шаффофи дувоздаҳметра дар шакли дасте, ки бо ангуштони кушода ба боло нигаронида шудааст, маънои ростқавлӣ ва покии амалу андеша, радди мутлақи фасод ва даъвати кишварҳои ҷаҳон ба муттаҳидшавӣ дар мубориза бо онро дорад.