Дар ҷараёни музокираҳо ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд. Тибқи иттилои sb.by бо истинод ба ҳукумат, Ӯзбекистон барои Беларус шарики боэътимод ва аз вақт санҷидашуда боқӣ мемонад. Миён кишварҳо гуфтугӯи фаъоли сатҳи ҳукуматҳо ва парлумонҳо нигоҳ дошта мешавад, ҳамкории байниминтақавӣ босуръат рушд мекунад.
Муомилоти молии тарафайн тамоюли устувори афзуншавӣ нишон дода, то ба нишонаи 1 млрд доллар наздик шудааст. Айни замон дар Ӯзбекистон 229 ташкилот бо иштироки сармояи Беларус ба қайд гирифта шудаанд.
Тавре иштирокчиёни мулоқот таъкид намуданд, вазифаи асосӣ на танҳо ҳифзи натиҷаҳои бадастомада, балки густариши минбаъдаи шарикӣ бо лоиҳаҳо ва созишҳои мушаххаси амалӣ мебошад.