«Куба солҳои зиёд аз ҳисоби ҳаҷмҳои бузурги нафт ва маблағҳое, ки аз Венесуэла мегирифт, зиндагӣ мекард. Акнун на нафт ва на маблағ ба Куба ворид нахоҳанд шуд — сифр! Ман ба онҳо қотеъона тавсия медиҳам, ки пеш аз он ки дер нашавад, созиш кунанд», — навиштааст ӯ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social.

Трамп ҳамчунин изҳор дошт, ки Венесуэла дигар ба хадамоти таъмини амният аз ҷониби Куба ниёз надорад, зеро акнун онро «қавитарин артиши ҷаҳон» — артиши ИМА муҳофизат хоҳад кард, хабар медиҳад ria.ru.