25 ноябр Президенти ИМА Доналд Трамп эълом кард, ки ба намояндаи махсус Стивен Уиткофф супориш додааст, ки барои ба даст овардани тавофуқи ниҳоӣ оид ба "тарҳи сулҳ" дар Москва бо роҳбари Кремл Владимир Путин мулоқот кунад. Дар ин бора Трамп дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social маълум кард.
Ба гуфтаи Трамп, "тарҳи сулҳ", ки аз 28 банд иборат буд, "бо назардошти пешниҳодҳои иловагии ҳар ду ҷониб такмил дода шуд ва ҳоло танҳо чанд банд боқӣ мондаанд, ки миёни ҷонибҳо ихтилоф доранд".
«Барои расидан ба тавофуқи ниҳоӣ оид ба ин тарҳи сулҳ, ман ба намояндаи махсуси худ Стив Уиткофф супориш додам, ки дар Москва бо Путин мулоқот кунад ва котиби Артиш Ден Дрисколл бошад, бо ҷониби Украина мулоқот хоҳад кард», таъкид кардааст Президенти ИМА.
Бино ба иловаи ӯ, пас аз анҷоми музокирот, Уиткофф ва Дрисколл ба мансабдорони баландпояи Кохи сафед дар бораи натиҷаҳо гузориш медиҳанд.
Ҳафтаи гузашта тарҳи сулҳи ИМА барои ҳаллу фасли ҷанг дар Украина эълон гардид. Аммо пас аз музокироти ИМА, Украина ва ҳайатҳои Аврупо, ҳуҷҷат то 19 банд кӯтоҳ карда шудааст, хабар медиҳад korrespondent.net.