Барои ба талаботи замон мувофиқ кунондани ин соҳа чораҳои зарурӣ дида мешаванд. Истеҳсол, интиқол ва тақсими неруи барқ байни ширкатҳои алоҳида тақсим карда шуд, ки ин имкони ҷалби сармояро фароҳам овард. Дар панҷ соли охир барои тавлиди неруи барқ 4,3 миллиард доллар сармоягузорӣ шуд, ки имкони ба вуҷуд овардани 5,7 гигаватт иқтидори навро фароҳам овард.
Дар ин соҳа чор корхона – ҶС «Шабакаи миллии барқи Ӯзбекистон», “Шабакаи минтақавии барқӣ”, “Неругоҳҳои ҳароратии барқӣ” ва «Ўзбекгидроэнерго» алакай рейтингҳои байналмилалии қарзиро гирифтанд. Қадами навбатӣ табдил додани онҳо ба ширкатҳои рақобатпазир тавассути трансформатсия мебошад. Ин ҳам ба таъмини кафолатноки неруи барқ ба истеъмолкунандагон ва ҳам ба ҷалби мустақилонаи сармоягузорӣ мусоидат мекунад.
Дар ҷамъомад тадбирҳо дар ин самт муҳокима шуданд. Таъкид шуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як корхонаи соҳаи энергетика кам кардани хароҷот мебошад. Инро тавассути оптимизатсияи лоиҳаҳо, кам кардани исроф ва беҳтар кардани харид ба даст овардан мумкин аст.
Тибқи ҳисобҳо, интиқоли шабакаҳои тақсимотӣ ба сармоягузорон дар заминаи шарикии хусусӣ барои навсозии онҳо 4 миллиард доллар ҷалб хоҳад кард. Бо ин мақсад соли оянда ба идораукнии шабакаҳо дар вилоятҳои Самарқанд, Ҷиззах ва Сирдарё ҷалби операторони хусусӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи татбиқи консепсияи ташкили бозори рақобатпазири энергетикӣ, ки соли гузашта қабул шуда буд, ҷиҳати суръат бахшидан ба табдилдиҳии корхонаҳои саноатӣ ва ҷорӣ намудани низоми муосири идоракунӣ дар онҳо супоришҳо дода шуданд.
Қатъиян муайян шудааст, ки соли оянда барои корхонаҳои энергетики соли оқилона истифода бурдани захираҳо ва самарабахшӣ мегардад. Вазифа гузошта шуд, ки фаъолияти корхонаҳои саноатӣ то сатҳи поёнӣ трасформатсия ва рақамӣ карда шавад.
Шахсони масъул оиди нақшаҳои идоракунии самараноки хароҷот дар ин корхонаҳо ҳисобот доданд.