Дар минтақаҳо дар ин самт корҳои муайяне анҷом дода шудаанд. Солҳои охир барои сохтмон ва таъмири роҳҳо 61 триллион сўм ҷудо гардидааст, ки ин нисбат ба маблағҳои то соли 2017 ҷудошуда 3,5 маротиба бештар аст.
Системаи муроҷиати онлайн ба роҳ монда шуда, шумораи муроҷиаткунандагон ба шӯъбаҳои бехатарии ҳаракати роҳ 50 фоиз кам шудааст. 3 365 корманди соҳа бо планшетҳои электронӣ ва бодикамераҳо таъмин гардиданд. Низоме ҷорӣ гардид, ки қонуншиканиҳоро бо истифода аз зеҳни сунъӣ интихоб ва баррасӣ менамояд. Дар шаҳрҳо роҳҳои алоҳида барои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷудо карда шуданд.
Моҳи гузашта низ як қатор сабукиҳо барои ронандагон ҷорӣ шуданд. Аз ҷумла, барои қонуншикании бори аввал содирнамуда на ҷазо, балки огоҳӣ пешбинӣ шуд. Ба қайд гирифтани зер карда гузаштани хатҳои роҳ тавассути камераҳо бекор гардид. Ба ронандагони дигар иҷозат дода шуд, ки дар шоҳроҳҳое, ки барои нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудаанд, шабона ҳаракат намоянд. Таъмири роҳҳо дар вақти рӯз дар шаҳрҳо манъ гардид. Дар ҷойҳое, ки радар ҳастанд, гузоштани аломатҳои роҳ ҳатмӣ гардид.
Бо вуҷуди ин, масъалаҳои муҳим дар соҳа ҳанӯз боқӣ мемонанд. Дар ҷойи аввал – садамаҳои нақлиётӣ. Соли гузашта 9364 чунин ҳодиса ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи онҳо қариб 9000 нафар шаҳрванд ҷароҳат гирифтаанд. Аз ҳама дарднокаш он аст, ки 2203 нафар щалок шудааст.
– Дар ҳар чорум садама як нафар вафот мекунад, ё ҳар рӯз ба ҳисоби миёна шаш нафар ҷони худро аз даст медиҳад — ин бояд ҳамаи моро сахт нигарон кунад, — изҳор дошт Шавкат Мирзиёев.
Бехатарии ҳаракат, пеш аз ҳама, ба ҳолат ва мувофиқати роҳҳо вобаста аст. Дар бисёре аз ноҳияҳо инфрасохтори роҳ беҳтар гардида, эҳтимоли садамаҳои нақлиётӣ коҳиш ёфтааст. Аммо дар 20 минтақа шумораи садамаҳои нақлиётӣ ҳамоно баланд боқӣ мондааст. Умуман, дар кишвари мо зараре, ки аз чунин ҳодисаҳо ба вуҷуд меояд, ба ҳисоби миёна 0,4 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ташкил медиҳад.
Аз ин рӯ, дар ҷамъомад оғози Барномаи миллии «Роҳи бехатар» эълон гардид. Бо ин мақсад, фаъолияти бунёди ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар ва пиёдагарди бехатар» дубора ташкил шуда, ба тобеъияти ҳукумат гузаронда мешавад. Мувофиқи ҳисобу китоб, имсол ба ин бунёд аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 400 миллиард сўм ворид мегардад.
Инчунин, дар ҳар як вилоят барои ин бунёд ҳисобномаи алоҳида кушода мешавад. Корхонаҳое, ки дар низоми корҳои дохилӣ масъули насби аломатҳои роҳ ва чароғакҳои роҳнамо (светофор), кашидани хатҳои роҳ ҳастанд, ба ихтиёри вилоятҳо супорида мешаванд.
Фаъолияти ҷамъият шаффоф хоҳад буд. Ба ҳайати он роҳбарони Раёсати БҲР-и вилоят, сарраёсати роҳ, вакилони ҷомеа шомил мешаванд. Маблағҳои ҷамъият, пеш аз ҳама, барои ба тартиб даровардани нуқтаҳои хатарноки садамаҳо равона мегардад. Ин корҳо аз 23 қитъаи роҳҳои магистралӣ бо дарозии умумии 175 километр, ки айни ҳол хавфнок мебошанд, оғоз меёбанд.
Дар ҳамаи ноҳияҳо низ фондҳои алоҳида барои рушди инфрасохтори роҳ ташкил карда шудаанд. Ҳамчунин, портали электронии ҷамъоварии фикри аҳолӣ оид ба роҳҳо фаъол мегардад. Шаҳрвандон метавонанд тавассути он овоз диҳанд, ки дар куҷо аломати роҳ, гузаргоҳи пиёдагард ва чароғак лозим аст. Дар охир, натиҷаи корҳои иҷрошуда видео ва аксҳо дар портал гузошта мешаванд ва онро худи аҳолӣ баҳогузорӣ мекунад.
Бо истифода аз чунин имкониятҳо, вазифа гузошта шуд, ки ҳаракат дар роҳҳо беҳтар ва садамаҳои вазнин ба таври ҷиддӣ коҳиш дода шаванд.
Яке аз мушкилоти дигар – айни замон дар роҳҳои автомобилгарди кишвар зиёда аз 1 ҳазору 200 нуқтаи баргардидан мавҷуд аст, вале танҳо дар 146-тои он имкон аст, ки аз роҳи зеризаминӣ ё болои роҳ баргашта шаванд. Аз зиёда аз 10 ҳазор гузаргоҳи пиёдагард танҳо 154-тои онҳо чунин шароит доранд.
Аз ин рӯ, ба вазорати нақлиёт супориш дода шуд, ки бо иштироки Бонки ҷаҳонӣ ба ташхиси мутобиқати роҳҳои байналмилалии самти Тошканд – Самарқанд – Тирмиз, Тошканд – водӣ ва Самарқанд – Бухоро ба талаботи бехатарӣ шурӯъ намояд. Бар асоси ин таҳлилҳо лоиҳаҳо барои таъмини бехатарии баргашт ва гузариши пиёдагардон, инчунин беҳтар кардани аломатҳо ва хатҳо таҳия карда мешаванд.
Дар кишвар низоми нақлиёти ҷамъиятии байнишаҳрӣ ба таври мунтазам ба роҳ монда нашудааст. Автобусҳо на бо реҷаи ҷадвал, балки танҳо баъд аз пур шудани 40–50 мусофир ҳаракат мекунанд.
Аз ин рӯ, дар ҷаласа чораҳои рушди нақлиёти ҷамъиятӣ барои масофаҳои миёна ва дур муайян гардиданд. Дар ин самт барои ҳаракати байни шаҳри Тошканд ва вилоятҳо як равиши алоҳида қабул мешавад.
Аввалан, нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ба низоми ягонаи агломератсионӣ мегузарад, ки ҳамаи минтақаҳои ҳамсарҳади вилояти Тошкандро фаро мегирад. Барои ин, 20 хатсайри автобусие, ки то канори шаҳр мерасанд, 15–20 километр дароз карда мешаванд ва 6 хатсайри нав илова мегарданд. То моҳи сентябр 200 автобус ва соли оянда боз 1000 автобуси дигар ба пойтахт оварда мешавад. Дар натиҷа, интизор меравад, ки ҳаракати 25 ҳазор мошини сабукрав ба шаҳри Тошканд коҳиш меёбад.
Дуюм, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятии байнишаҳрӣ ва байнивилоятӣ беҳтар хоҳад шуд. Барои автобус ва микроавтобусҳо дар ин самт барои ҳар як мусофир субсидия дода мешавад. Имтиёз аз ҳаққи коркард (утилизатсия) барои автобусҳо се соли дигар тамдид мегардад ва ба микроавтобусҳо низ татбиқ мешавад. Ҳамчунин, имтиёз аз боҷи гумрукӣ барои автобусу микроавтобусҳои сайёҳӣ дар давоми се сол ба нақлиёти ҷамъиятӣ низ татбиқ мегардад.
Мушкилоти дигари асосии тирбандӣ – норасоии ҷойҳои таваққуфи мошинҳост. Дар натиҷа, ҳам дар Тошканд ва ҳам дар дигар шаҳрҳои калон ронандагон маҷбуранд мошинҳои худро дар канори роҳ гузоранд.
Баъзе кӯчаҳое, ки дар он биноҳои вазорату идораҳо ва ҳокимиятҳо ҷойгиранд, баста шудаанд.
Мақомоти масъул вазифадор карда шуданд, ки ба чунин ҳолатҳо нуқта гузошта, нишонаҳои манъкунандаи беасосро аз тамоми ташкилоту кӯчаҳои маҳалла бардоранд.
Вазорати нақлиёт вазифадор шуд, ки барои муошират бо ронандагон ва омӯзиши мушкилоти онҳо платформаи электронии махсус ташкил намояд.
Баланд бардоштани фарҳанги ронандагӣ дар роҳҳо низ масъалаи хеле муҳим аст. Соли гузашта тақрибан 20 миллион қоидавайронкунии дағалона ба қайд гирифта шудааст. Дар баъзе ронандагон ин рафтор доимӣ шудааст.
Акнун бо мақсади татбиқи ҷазо нисбат ба чунин қонуншиканони ашаддӣ барномаи “Қоидавайронкунандагони доимӣ” роҳандозӣ мешавад. Барои онҳое, ки такроран қоидавайронкуниҳо, аз ҷумла ҳаракат ба самти муқобил, гузаштан аз чароғаки сурх ё зиёд кардани суръатро содир мекунанд, як сол имтиёзҳои ҷаримавӣ бекор мегардад. Агар шумораи қоидавайронкуниҳо дар як моҳ зиёда аз 10 бошад, гувоҳномаи ронандагии онҳо то шаш моҳ боздошт мешавад. Барои 2–3 маротиба аз меъёр зиёд кардани суръат метавонанд аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум гарданд.
Дар баъзе ҳолатҳо, ҷарима пас аз гузашти якчанд моҳ аз рӯзи қоидавайронкунӣ таъин мегардид, ки ин норозигӣ ва нофаҳмиҳоро ба бор овардааст. Акнун муайян карда шудааст, ки агар дар муддати як моҳ пас аз содир шудани қоидавайронкунӣ қарор қабул нашавад, ронанда ба пардохти ҷарима уҳдадор нест.
Дар айни ҳол, шумораи мошинҳои замонавӣ ва бехатар рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Роҳҳои байни минтақаҳо ба талаботи ҳаракат бо суръати баланд ҷавобгӯянд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки маҳдудиятҳои суръат аз нав баррасӣ шаванд.
Системаи нави омодасозии ронандагон самар оварда истодааст. Аммо донишу интизоми пиёдагардон, бахусус ҷавонон, бояд беҳтар карда шавад. Ба ин мақсад, барномаҳои таълими бехатарии ҳаракат дар мактабу кӯдакистонҳо таҷдид мешаванд. Озмунҳои “Чароғаки сабз” аз нав ба роҳ монда, ғолибони ҷумҳуриявӣ бо тӯҳфаи Президенти мамлакат сарфароз гардонида мешаванд. Контентҳои видеоӣ ва аниматсионӣ дар мавзӯи қоидаҳои ҳаракати роҳ таҳия мегарданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи мутасаддиён дар бораи иҷрои вазифаҳои муайяншуда шунида шуд.












