Лоиҳаи таълимии «Moliyaviy savodxonlik» якҷоя бо бонкҳои тиҷоратии “Ипак йўли банк”, “Турон банк”, “Ўзсаноатқурилишбанк”, “Халқ банк”, инчунин низоми пардохтии «Humo» ҳафтае се маротиба -- ҳар душанбе, чоршанбе ва ҷумъа татбиқ мегардад.
Шакли барнома ба мусоҳибаҳои мустақим бо коршиносон, бо баррасии парвандаҳои воқеӣ ва саволҳои шунавандагон асос ёфтааст.
Самтҳои мавзӯии лоиҳа масъалаҳои мубрами рӯзро, аз қабили инҳо фаро мегирад:
саводнокии молиявии рақамӣ ва бехатарӣ;
баланд бардоштани маданияти пасандоз ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
саводнокии молиявӣ барои соҳибкорон.