Бонки марказӣ: аз 9 апрел шахсони ҷисмонӣ дар ҳуҷҷатҳои пардохт ба ҷойи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда) Рақами мушаххаси шахси воқеиро ворид мекунанд

    Молия 5 Aprel 2022 1662

    Ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба талабот оиди расмигардонии ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, ки муштариён ба бонкҳо пешниҳод мекунанд, тағйироти дахлдор ворид карда шуданд.

    Бинобар хабари хидмати матбуоти Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, тағйироти мазкур зина ба зина то 9 апрели соли ҷорӣ, сипас дар ҳаҷми пурра ворӣ карда мешаванд.

    Баъди дар амал ҷорӣ намудани ин тағйирот дар ҳама ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ба ҷои РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда)-и пардохткунанда – шахси воқеӣ дар реквизитҳои ҳуҷҷати пардохтӣ, ки «рақами мушаххаси пардохткунанда» номида мешавад, ҳатман рақами мушаххаси шахси воқеии онҳо нишон дода мешавад.

    Вобаста ба ин, шахсони воқеие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд (инчунин соҳибкорони инфиродӣ) ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷатҳои пардохтӣ бо мақсади анҷом додани пардохт бояд рақами мушаххаси шахси воқеии худро дуруст ва пурра тартиб диҳанд.

    Инчунин аз тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ дархост карда мешавад, ки ҳангоми тартиб додани дархостҳои пардохтӣ ва супоришҳои инкассавӣ ба дурустии ворид намудани рақами мушаххаси шахси воқеии контрагент – шахсони воқеӣ аҳамият диҳанд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates