Бонки марказӣ: терминалҳои "Humo" ва "Uzcard" хондани корти ҳамдигарро ёд гирифтанд

    Молия 28 Dekabr 2021 1875

    Ба мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон “Дар бораи тасдиқи стратегияи "Ӯзбекистони рақамӣ-2030" ва чораҳо оид ба татбиқи самарабахши он" низомҳои пардохтии "Uzcard" ва "Humo" ба анҷоми марҳилаи аввали ҳамгироии мутақобила расиданд - намоиши қабули пардохт дар терминалҳои ҳарду система гузаронида шуд.

    Ба иттилои хидмати матбуоти Бонки марказӣ, дар ояндаи наздик ба хазинадор лозим нест, ки барои ҳар як корт терминалҳои гуногун пешниҳод кунад – ӯ метавонад дорои як дастгоҳ бошад, ки ба ҳарду низоми пардохт хизмат мерасонад.

    27 декабри соли 2021 низомҳои пардохтии "Uzcard" ва "Humo" қабули пардохтҳоро дар ҳар ду низом нишон доданд. Қаблан дар терминалҳо маҳдудият вуҷуд дошт, аммо акнун як терминал метавонад ба ҳам ба корти "Uzcard" ва ҳам "Humo" хизмат расонад.

    Ҳамкории системаҳои пардохт ба мо имкон медиҳад, ки ниёзҳои бозорро фаъолонатар муайян намуда, ҳалли заруриро амалӣ созем.

    Барои он ки терминал ба қабули ҳарду намуди корт шурӯъ кунад, он бояд нав карда шавад. Дар ояндаи наздик бонкҳо дастурҳоро бо қадамҳои зарурӣ барои иҷрои чунин навсозӣ мегиранд.

    Дар доираи меморандуми ҳамгироӣ ширкатҳо ҳамкориҳоро дар самтҳои зерин идома медиҳанд:

    • ҳимояи манфиатҳои дорандагони кортҳо, бонкҳо, ташкилотҳои пардохтӣ ва нуқтаҳои савдо;
    • такмили технологияҳо ва тавсеаи инфрасохтор барои ҳавасмандгардонии пардохтҳои ғайринақдӣ;
    • татбиқи лоиҳаҳо оид ба таъмини эътимоднокӣ ва амнияти иттилоотии инфрасохтори пардохт.
    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates