Дар даҳ моҳи охир ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба Ӯзбекистон 12,6 миллиард долларро ташкил дод

    Молия 2 Dekabr 2024 1105

    Дар тӯли моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба Ӯзбекистон 12,6 миллиард долларро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 фоиз зиёдтар аст.

    Дар ин бора дар гузориши Бонки марказии Ӯзбекистон, ки ба амалиёти асъории шахсони воқеӣ бахшида шудааст, зикр ёфтааст.

    Дар давраи мазкур 78 фоиз аз ҳамаи интиқолҳо аз Русия ворид шудааст (9,8 миллиард доллар), ки ин нисбат ба соли гузашта 35 фоиз зиёдтар аст.

    Қисмати боқимондаи интиқолҳо аз кишварҳое, ба мисли Қазоқистон (699 млн), ИМА (470 млн), Кореяи Ҷанубӣ (458 млн), Туркия (331 млн) ва Британияи Кабир (109 млн) ворид шудааст.

    7 миллиард доллар аз ҳаҷми умумии интиқолҳо, ки шахсони ҷисмонӣ гирифтаанд, тавассути системаҳои анъанавии байналмилалии интиқоли маблағ расидаанд, 4,9 миллиард доллар - тавассути интиқолҳои мустақими маблағ ба кортҳои бонкии шахсони воқеӣ ва 650 миллион доллар - тавассути интиқолҳои SWIFT-и бонкӣ анҷом дода шудааст.

    Гуфта мешавад, ки тамоюли афзоиши ҳаҷми интиқолҳои байналмилалии маблағ ба Ӯзбекистон дар соли 2024 бо афзоиши фаъолнокии иқтисодӣ ва пардохти музди меҳнат дар кишварҳои асосии шарик, ки муҳоҷирони меҳнатиро қабул мекунанд, инчунин бо диверсификатсия ва афзоиши ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои пешрафта алоқаманд аст.


    No date selected
    January 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates