КМИ: ба раисони комиссияҳои ҳавзавии интихобот гувоҳномаҳо супурда шуданд

    Интихоботи 19 Avgust 2021 655

    Дар Академияи идоракунии давлатӣ дар асоси Консепсияи ташкили такмили ихтисоси аъзои комиссияҳои интихоботӣ, ки Комиссияи марказии интихоботӣ тасдиқ намудааст, барои узви комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон семинари дурӯза гузаронда шуд.

    Дар тренингҳое, ки 266 раисони комиссияҳои ҳавзавӣ, муовинони онҳо, котибон ва аъзоён иштирок карданд, оид ба ташкили фаъолияти комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ, муҷаҳҳаз сохтани биноҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ, инчунин утоқҳои овоздиҳӣ, асосҳои конститутсиониву ҳуқуқии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон, ваколат ва вазифаҳои комиссияе, ки интихоботро мегузаронанд, кор бо рӯйхати интихобкунандагон ва мавзӯъҳои дигар машғулот гузаронда шуданд.

    Дар чорабинии имрӯза, дар Комиссияи марказии интихобот, ба раисони 14 комиссияи ҳавзавии интихоботӣ шаҳодатнома, мӯҳри комиссияи ҳавзавии интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва молҳои канселярӣ супурда шуданд.

    Дар ин чорабинӣ, ки роҳбарият ва аъзои КМИ, намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат доштанд, дар бораи тағйирот ва навовариҳо дар қонунгузории интихоботӣ сухан рафт.

    Мувофиқи моддаи 21-уми Кодекси интихоботӣ, Комиссияи интихоботии ҳавзавӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботӣ на кам аз ҳафтод рӯз то интихобот дар таркиби раис, муовини раис, котиб ва ҳашт -- хаждаҳ дигар аъзои комиссия таъсис дода мешавад.

    Номзадҳо ба аъзои комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ дар ҷамъомадҳои Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Шӯрои намояндагони халқи вилоятӣ ва шаҳри Тошканд баррасӣ гардида, барои тасдиқ намудан аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот тавсия дода мешавад.

    Аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот аз ҷумлаи намояндагони бонуфузи ҷомеа тасдиқ карда мешаванд.

    Таъкид гардид, ки нақши аъзои комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар қонунӣ, софдилона, беғаразона ва дар сатҳи олӣ ташкил ва баргузории интихобот аҳамияти махсус дорад.

    Хидмати матбуоти Комиссияи марказии интихобот

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates