Ин марказ, ки бар пояи чунин ғоя ва ҳадафҳои бузург бунёд шудааст, барои омӯзиши амиқ ва таблиғи васеи таърихи сеҳазорсола, иқтидори созандагӣ, саҳми бузурги халқи мо дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва мероси фарҳангиву маърифатии ниёи бузургамон хидмат мекунад.
Маркази тамаддуни Ислом дар Ӯзбекистон аз лиҳози бузургӣ, масоҳат ва фарогирӣ яке аз маҷмааҳои калонтарин дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки ба омӯзиш ва тарғиби таърих, фарҳанг ва тамаддуни исломӣ нигаронида шудааст.
Он дар масоҳати 10 гектар майдони ҳудуди маҷмааи машҳури Ҳазрати Имоми Тошканд бунёд гардидааст. Бино аз се ошёна иборат буда, дарозии он 161 метр ва паҳнояш 118 метрро ташкил мекунад. Баландии гунбаз 65 метр ва масоҳати умумии истифодашаванда беш аз 42 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Ин нишондиҳандаҳои нодир барои ворид шудан ба “Китоби рекордҳои Гиннес” низ асос мегарданд.
Бинои марказ бар асоси ғоя ва пешниҳодҳои меъмории Президент Шавкат Мирзиёев тарҳрезӣ шудааст. Роҳбари давлат дар раванди сохтмон чанд бор ба маҷмаа ташриф оварда, барои аз лиҳози мазмун ва шакл боз ҳам мукаммал гардидани он тавсия ва маслиҳатҳои арзишманд додааст. Бахусус, танҳо дар соли 2025 Президент чанд маротиба ба марказ омада, оид ба такмил додани экспозитсияҳо, инфрасохтор ва самтҳои илмиву маърифатӣ дастурҳои муҳимро ба миён гузоштааст.
Марказ дар асоси анъанаҳои меъмории қадимӣ ва миллӣ сохта шуда, ба он аз чор ҷониб – тавассути чор даромадгоҳи асосӣ даромадан мумкин аст. Ин даромадгоҳҳо ва пешайвонҳои берунии бино бо оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои дорои мазмуни илму маърифат, таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва эҳтиром ба падару модар оро дода шудаанд.
Дар ошёнаи поёнӣ платформаи махсус барои кӯдакон, лабораторияи барқарорсозӣ ва нусхабардории электронӣ, фонди нигоҳдории экспонатҳои осорхона ва дастнависҳои нодир, кафетерияи муосир ва вестибюлҳои музей ҷойгир шудаанд.
Дар ошёнаи якум осорхона бо толори намоишӣ, ки қариб 8350 метри мураббаъ масоҳат дорад, инчунин толори анҷуманҳо барои 550 нафар ҷойгир аст. Дар ошёнаи дуюм китобхона бо фонди дастнависҳо, манбаъҳои чопи сангӣ, адабиёти чопӣ ва электронӣ, толорҳои мутолиа, инчунин, барои ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои илмӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Имрӯз Президент Шавкат Мирзиёев бори дигар ба ин маҷмааи бузурги дорои аҳамияти маънавию маърифатӣ ташриф оварда, бо шароити фароҳамшуда, экспозитсияҳои ғанӣ ва ташаббусҳои нав шинос шуд.
Нахуст роҳбари давлат ба толори Қуръони карим даромада, муҳити маънавӣ ва экспозитсияҳои нодири ин масканро аз назар гузаронд. Ин толор, ба ибораи дигар, дили маънавии Маркази тамаддуни Исломи Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.
Зери гунбаз голограммаи махсуси мэппинг сохта шудааст, ки дар он аввал манзараи кайҳон ва сипас ситораҳои осмон ҷило медиҳанд. Ҷолиб он аст, ки композитсияи ситораҳои зери гунбаз бар асоси харитаи ситораҳое, ки шабона дар осмони Тошканд ба чашм мерасанд, омода гардидааст. Барои ифода намудани онҳо аз 90 дона санги “сваровскӣ” ва беш аз 650 чароғ истифода шудааст, ки ин ба толор шаҳомати хос мебахшад.
Дар ин ҷо баробари Мусҳафи Усмон, 114 дастнависи нодири Қуръон, ки ба кишвари мо мансубанд ва нигоштаи давраҳои сулолаҳои гуногун мебошанд, гирдоварӣ шудаанд. Дар байни онҳо нусхаҳои нодири замони сомониён, қарохониён, ғазнавиён, темуриён, шайбониён ва дигар давраҳо мавҷуданд. Ин дастнависҳо ҳамчун намунаҳои олии санъати китобати Шарқ, на танҳо аҳамияти динӣ, балки арзиши бузурги таърихӣ, илмӣ ва бадеӣ низ доранд. Дар витринаҳои замонавии толор дастнависҳои аслӣ, ки дар байни мардум нигоҳдорӣ шуда, ба фонди марказ тақдим гардидаанд, низ ҷойи муносиб доранд.
Тавре таъкид гардид, аз замони гузоштани санги асос то соли 2025 шумораи манбаъҳои қадимии фонди марказ аз 2 ҳазор афзуд, теъдоди нусхаҳои нодири Қуръон аз 60-то зиёд шудааст. Ҳамаи онҳо аз мардум ҷамъоварӣ ва тавассути музоядаҳои байналмилалӣ харидорӣ шудаанд. Корҳое, ки дар ин самт амалӣ гардиданд, равиши амиқро дар роҳи эҳёи мероси миллӣ ва динӣ, ба Ватан баргардонидани манбаъҳои бебаҳо, ки пароканда нигоҳдорӣ мешуданд, ба муомилаи илмӣ ворид намудан ва барои наслҳои оянда ҳифз кардани онҳо, равшан нишон медиҳанд.
Ба Президент ҳамчунин дар бораи баъзе дастнависҳои дорои арзиши вижа, ки дар экспозитсия ҷой гирифтаанд, маълумот дода шуд. Дастнависи Қуръони “Бозубанд”, ки соли 1589 аз ҷониби хаттот Султон Муҳаммад дар шакли ҳашткунҷа нусхабардорӣ шуда, инчунин ҳамчун тумор истифода шудааст, нусхаи хеле нафис ва ороёфтаи мансуб ба асри XVII, ки марҳилаи камолоти санъати хаттотӣ ва китобати давраи сафавиёнро инъикос мекунад, дастнависи нодире, ки соли 1872 аз ҷониби хаттот Муҳаммад ибн Абд ал-Ҳодӣ бо хатти мағрибӣ нусхабардорӣ шудааст, инчунин нусхаи ноёбе, ки дар байни асрҳои XII–XIII дар давраи салҷуқиён аз ҷониби хаттот Муҳаммад Содиқ ибн Муҳаммад Шафӣ бо хатти насх китобат шуда, байни сатрҳо тарҷумаи форсӣ низ дода шудааст, аз ин ҷумлаанд. Гуфта шуд, ки дар баъзе дастнависҳо анъанаҳои мактабҳои китобати Самарқанд, Ҳирот ва Бухоро бараъло таҷассум ёфтаанд.
Сипас, ба Президент корҳои ташкили хидматрасонии босифат ба меҳмононе, ки аз осорхона боздид менамоянд, муаррифӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки марказ дар фурсати кӯтоҳ аз ҷониби ташкилот ва нашрияҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф шудааст. Бахусус, марказ ба ҷоизаи Авитсеннаи Фаронса сазовор гардида, мувофиқи арзёбии нашрияи “Smithsonian Magazine”-и Институти Смитсони ИМА, соли 2026 ҳамчун яке аз 10 осорхонаи ҷаҳон эътироф шудааст, ки бештар ба худ таваҷҷуҳро ҷалб мекунад. Ҳамчунин нашрияи “Condе Nast Traveler” онро ба рӯйхати музейҳое дохил кардааст, ки дар моҳи июни соли 2026 метавон ба он ташриф овард, “BBC Travel” низ онро ба қатори музейҳои деринтизори ҷаҳон ворид намудааст.
Дар марказ барои ба меҳмонон мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ хидмат расонидан маводи иттилоотӣ, брошюра ва китобҳо омода гардидаанд. Бори аввал дар таҷрибаи музейдории Ӯзбекистон бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар лабораторияи муосири кимиё-физикӣ таркиби кимиёвӣ ва вақти офариниши тамоми ашёи осорхона муайян карда шуда, шиносномаҳои технологии онҳо таҳия гардидаанд.
Бар асоси меъёрҳои байналмилалии ISO экспонатҳо рақамӣ гардонида шуда, дар платформаи ягонаи электронӣ ҷойгир карда шудаанд. Дар асоси талаботи ЮНЕСКО ва ИКОМ, инчунин, таҷрибаи машҳуртарин музейҳои ҷаҳон, эталон ва таснифҳои этикетажи экспонатҳо дар 8 самт таҳия шудаанд. Дар ҳар як экспонат QR-кодҳо ҷойгир карда шудааст, ки меҳмонон метавонанд тавассути телефони мобилӣ ё планшет аввал бо се забон ва баъдан то ҳашт забон бо муҳтавои видеоӣ ва аудиоии онҳо шинос шаванд.
Дар муаррифӣ инчунин ба масъалаи дар асоси консепсияи “Музейи кушод барои ҳама” ба як майдони ҳамгироии иҷтимоӣ табдил додани марказ диққати махсус дода шуд. Дар оянда ба ҳамаи экспонатҳо насб кардани чипҳои электронии махсус, ҷорӣ намудани низоми худкори шунидани маълумот тавассути аудиогид, ки ҳангоми наздик шудани шахсони нобино ба экспонат фаъол мегардад, инчунин фароҳам овардани имконияти ҳаракати мустақилона дар дохили бино бо истифода аз чароғҳои “Bluetooth” ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, чун таҷрибаи музейҳои Британия, Лувр ва Метрополитан, истифодаи робот-гидҳо, шиносоии видеоӣ ва сабтӣ бо мавод тавассути планшетҳо, аудиогид, радиогид ва гӯшмонакҳои роҳнамо дар назар аст.
Мувофиқи ҳисобҳои ибтидоӣ, интизор меравад, ки ба марказ дар як рӯз ба ҳисоби миёна тақрибан 5 ҳазор нафар ташриф оваранд. Зикр гардид, ки барои фаъолияти пурраи марказ ва осорхона дар асоси стандартҳои байналмилалӣ беш аз 400 корманд лозим аст ва ҳоло беш аз 100 нозир, ки аз омодагии махсус гузаштаанд ва зиёда аз 30 роҳбалад кор мекунанд ва барои сайёҳоне, ки аз 10 давлат ташриф меоранд, матнҳои махсуси роҳбаладӣ таҳия шудаанд.
Баъдан, роҳбари давлат бо шароитҳое, ки дар ошёнаи дуюми бинои марказ барои фаъолияти Идораи мусулмонони Ӯзбекистон фароҳам оварда шудаанд, шинос гардид.
Дар идомаи ташриф Президент китобхонаи марказро аз назар гузаронд.
Масоҳати умумии китобхона 3105 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар айни замон фонди он зиёда аз 45 150 адабиётро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 2 609 ададаш нашрҳои нодир мебошанд. Илова бар ин, дар китобхона 350 ҳазор нашрияҳои электронӣ мавҷуд аст. Он метавонад дар як вақт ба 310 нафар корбар хизмат расонад. Барои олимон ва профессорҳо 4 утоқи алоҳида фароҳам оварда шудааст, ки бо тамоми техникаи муосир ва шароити зарурӣ барои фаъолияти илмӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Яке аз бахшҳои китобхона ба мероси 22 нафар маърифатпарварони ҷадид бахшида шудааст. Дар он аксҳои онҳо ҷойгир буда, дар рафҳои китобҳо адабиёти нодире, ки аз ҷониби онҳо таълиф шудааст ё ба фаъолияти онҳо бахшида шудааст, пешниҳод мегардад.
Ҳамчунин, барои ғанӣ гардондани фонди китобхона бо нашрияҳои нодир оид ба ҳаёт ва эҷодиёти мутафаккирон ва олимони барҷастаи Ӯзбекистон, инчунин мактабҳои илмии таъсисдодаи онҳо, як қатор тадбирҳо амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, ба фонд нашрҳои аввалини дастнависҳо ва асарҳои литографӣ, инчунин таҳқиқоту шарҳҳои нодире, ки ба омӯзиши мероси илмии онҳо бахшида шудаанд, ворид гардидаанд. Ин раванд тавассути харидории нусхаҳо аз музоядаҳои хориҷӣ, муассисаҳои илмӣ, коллексияҳои хусусӣ ва инчунин пешниҳоди сарчашмаҳо аз ҷониби ҳамватанон ба таври мунтазам идома дорад.
Дар китобхона ҳамчунин нашрияҳои нодири аврупоӣ мавҷуданд, ки дар миёни онҳо асарҳое ба забони лотинӣ оид ба сулолаҳои исломӣ, таърихи халқҳои турк, энсиклопедияҳо дар бораи халқҳои Шарқ, инчунин сафарномаҳо бахшида ба Хуросон ва Мовароуннаҳр, ки то асри XX нашр шудаанд, ҷой доранд. Илова бар ин, фонди китобхона бо сарчашмаҳои нодире, ки аз коллексияҳои хусусӣ ба даст омадаанд, ғанӣ гардидааст. Аз ҷумла, асари «Қиссас-ул-анбиё»-и Носируддини Рабғузӣ, девонҳои Алишер Навоӣ, ки дар аввали асри XIX дар Тошканд нусхабардорӣ шудаанд, инчунин тарҷумаҳои туркии асарҳои Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар он нигоҳдорӣ мешаванд.
Инчунин, барои истифодабарандагони имконияташон маҳдуд шароити махсус фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, барои шахсони дорои нуқсони биноӣ ва нобиноён толорҳои махсус ташкил гардида, барномаҳо, принтерҳо ва дастгоҳҳои махсус насб шудаанд, инчунин зиёда аз ҳазор нашрия бо алифбои Брайл дастрас мебошад. Маҳз дар ҳамин китобхона бори аввал дар Ӯзбекистон утоқҳои садоногузар ташкил шудаанд, ки ба корбарон имкон медиҳанд бидуни халал расонидан ба дигарон муоширати онлайн анҷом диҳанд ва ҳамзамон махфияти гуфтугӯ ва маълумоти шахсиро таъмин намоянд. Илова бар ин, дастгоҳи муосири «Sonic chair» барои кор бо манбаъҳои садоӣ на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ бори аввал ҷорӣ гардидааст.
Дар ҳудуди китобхона инчунин минтақаи сабз барои хонандагон, хидматрасонии нусхабардорӣ, утоқҳои махсус барои машғулиятҳои инфиродӣ ва майдони алоҳида барои кӯдакон ташкил карда шудааст.
Сипас, Президент бо фаъолияти платформаи байналмилалии илмӣ-маърифатие, ки назди марказ таъсис дода шудааст, шинос гардид.
Тавре зикр шуд, дар доираи ин платформа ҳамкорӣ бо як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамкорӣ бо АЙСЕСКО, ИРСИКА, Маркази омӯзиши исломии Оксфорд, Ассотсиатсияи Темуриён дар Фаронса, ТУРКСОЙ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ барои онҳо утоқҳои корӣ ташкил карда шудаанд. Ин барои ҳамкории муштараки олимони ватанӣ ва намояндагони созмонҳои хориҷӣ, гузаронидани таҳқиқоти муштарак, таҳияи лоиҳаҳо ва татбиқи ташаббусҳои таълимӣ муҳити мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷараёни боздид Сарвари давлат бо намоиши ашёҳои арзишманде, ки ба марказ тақдим шудаанд ва ё аз хориҷ харидорӣ гардидаанд, шинос шуд.
Тавре таъкид гардид, мувофиқи дастури Президент, корҳои ба Ӯзбекистон баргардонидани арзишҳои фарҳангӣ, ки дар хориҷ қарор доранд, пайваста идома доранд. Соли гузашта дар чунин музоядаҳо дар Британияи Кабир, аз ҷумла «Sotheby’s» ва «Christie’s», аз арт-дилерҳо ва коллексионерони хусусӣ зиёда аз 700 ашёи нодир харидорӣ карда шуд. Ҳамчунин, беш аз 1000 ашё аз ҷониби муассисаҳо, ташкилотҳо ва сарпарастон ҳамчун ҳадя пешниҳод гардид. Қисми асосии ин экспонатҳо дар осорхонаи ошёнаи якум ҷойгир карда шудаанд.
Дар намоишгоҳ шумораи зиёди ашёҳои нодир, ки ба давраҳои Сомониён, Қарохониён, Ғазнавиён, Темуриён ва дигарон тааллуқ доранд, пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, табақи нуқрагини тиллокорие, ки номи саркардаи сомонӣ Абумансур Сабуктегин сабт шуда, дар охири асри X сохта шудааст, косаи нуқрагин ва сиёҳдони мисии давраи Сомониён, камарбанди занонаи бо санги фирӯза орододашудаи давраи ҳукмдории Урдаи Тиллоӣ Ӯзбекхон, инчунин гулдӯзии зарини асри XIX-и ба давраи ҳукмрони усмониҳо мансуб, ки исмҳои «Аллоҳ» ва «Муҳаммад» сабт шудаанд, сазовори таваҷҷуҳи алоҳида мебошанд.
Ба Президент инчунин дар бораи намунаҳои санъати сафолгарии давраи Темуриён, рӯйпӯши абрешимии асри XIX, ки қабри Паёмбарро дар шаҳри Мадина мепӯшонд, намунаи таърихии «ҳизома» (камарбанд дар қисми болоии кисва), ки болои дари Каъба овезон буд, инчунин «модари ҳамаи сузаниҳо», пораҳои Қуръони азим, ки аз ҷониби Умар Ақтоъ дар замони Амир Темур нусхабардорӣ шудааст, унсурҳои сафолии ёдгориҳои меъмории давраи Темуриён, инчунин силоҳ ва зиреҳҳои давраи Бобуриён – кулоҳҳои ҷангӣ, сипарҳо, шамшерҳо ва ҷузъҳои зиреҳ маълумот дода шуд.
Ҳамчунин, дар бораи бозёфтҳои марбут ба ганҷинаи Амударё маълумот дода шуд. Соли 1877 баъзе аз ашёҳои нодири ин ганҷина, ки дар қаламрави аморати Бухоро ёфт шуда, ҳоло дар Осорхонаи Бритониё нигоҳдорӣ мешаванд, тавассути хонаҳои савдои Лондон ба Ӯзбекистон баргардонида шуданд. Дар байни онҳо – пекторали тиллоӣ бо тасвири савораи суғдии асрҳои VIII–IX ва дастпонаҳои нодири шакли мор, ки вазнашон 666 грамм буда, ба давраи Бохтар тааллуқ доранд, мавҷуданд.
Дар намоишгоҳ ҳамчунин ба ашёҳое, ки ба марказ ҳадя шудаанд, ҷойгоҳи муҳим дода шудааст. Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки шарқшиноси муқими ИМА Александр Наймарк дастнависи Паҳлавон Маҳмудро ба марказ ҳадя намудааст. Ин дастнавис аз рӯи имзои шахсии хони Хива Муҳаммад Раҳимхон Фирӯз нусхабардорӣ шуда, дар ҷараёни омӯзиши он зиёда аз 70 рубоии нав бозёфт гардид. Илова бар ин, дар намоишгоҳ тангаҳо, зеварҳо, медалёнҳо ва дигар ашёҳои таърихии давраҳои гуногун, аз ҷумла аз ганҷинаи деҳаи Майский низ пешниҳод шудаанд.
Умуман, дар ҷараёни боздид бори дигар иқтидори бузурги ин марказ равшан гардид: он имкон медиҳад, ки таърих ва мероси фарҳангии кишвари мо амиқ дарк карда шавад, моҳияти ҳақиқии башардӯстона ва маърифатпарваронаи исломро кушода медиҳад ва инчунин мероси бузурги илмӣ ва маънавии аҷдодони моро ба ҷомеаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
– Имрӯз мо шоҳиди як рӯйдоди бузург дар роҳи дарки ҳувияти худ гардидем. Шукри Худованд, ки дар тӯли ин нӯҳ сол бо нияти нек, меҳнати содиқона ва талошҳои пайваста мо маҷмаае бунёд кардем, ки ҳақиқатан нишон медиҳад, ки мо кистему халқамон кист ва таърихи мо чӣ гуна аст. Ҳар касе, ки ба ин ҷо меояд, бахусус ҷавонони мо, бояд бидонад ва дарк намояд, ки мо ворисони кадом аҷдодони бузург ҳастем.
Ин лоиҳаи азим танҳо як нақша нест. Онро дил офаридааст, онро муҳаббат, орзу ва ниятҳои қудсӣӣ ба вуҷуд овардаанд. Ва он толори муқаддасе, ки дар он Қуръон нигоҳ дошта мешавад, низ худ аз худ пайдо нашудааст. Он аз дил, аз орзуи нишон додани ормонҳои халқи мо, азамати он ва қудрати маънавии он сарчашма гирифтааст. Ин лоиҳа самараи ниятҳои некест, ки ба таҷассум бахшидани симои ҳақиқии халқи бузурги мо равона шудааст, – гуфт Президент.
Дар анҷоми боздид Сарвари давлат дар Китоби меҳмонони фахрии Маркази тамаддуни исломӣ дастхат гузошт.