Тавре ки Кумитаи андоз хабар дод, ин имтиёз танҳо ба қитъаҳои
замине татбиқ мешавад, ки ба таври қонунӣ тавассути музояда гирифта шуда, барои
сохтмони хонаҳои бисёрошёна пешбинӣ шудаанд. Ба қитъаҳои замине, ки барои мақсадҳои
дигар ҷудо шудаанд, ин дастгирӣ татбиқ намешавад.
Мисол: Ширкати ABC тавассути музояда қитъаи замини 1
гектарро дар мавзеи «Янги Ӯзбекистон», воқеъ дар ноҳияи B-и вилояти A ба иҷора
гирифт. Меъёри солонаи андози замин барои ин ҳудуд 86 890 000 сӯм барои 1
гектарро ташкил медиҳад.
Бар асоси имтиёз, ширкат аз пардохти андози замин барои
12 моҳ аз лаҳзаи бастани шартномаи иҷора озод мешавад ва ин маблағ дар ихтиёри
он мемонад. Аммо бояд қайд кард, ки тибқи моддаи 75 Кодекси андоз, ширкати лоиҳакаш
бояд 1% аз маблағи ҳисобшудаи андозро пардохт намояд.
Ҳамин тавр, бе
имтиёз ширкат бояд солона 86 890 000 сӯм пардохт мекард. Бо истифодаи имтиёз
маблағи андоз 86 890 000 × 1% = 868 900 сӯмро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, агар
манзили бисёрошёна дар муҳлати муқарраршуда сохта ва ба истифода дода нашавад,
андози замин барои давраи истифодаи имтиёз бо андозаи дукарата ситонида
мешавад.