Олимон ҳушдор додаанд, ки соли 2024 метавонад гармтарин сол дар тамоми таърих гардад

    Сайёраи сабз 9 Yanvar 2024 1359

    Нашрияи Bloomberg бо истинод ба маълумотҳои олимон хабар медиҳад, ки соли оянда 2024 метавонад гармтарин соли рӯи Замин дар тамоми таърихи мушоҳидаҳо шавад.

    Ба гуфтаи муҳаққиқон, сабаби болоравии ҳарорат падидаи табиии Эл-Нино хоҳад буд, ки бо тағирёбии ҳарорати қабати рӯизаминии об дар қисмати экватории Уқёнуси Ором алоқаманд аст. Дар байни гарм шудани об дар уқёнуси Ором ва баланд шудани ҳарорати сатҳи Замин қафомонӣ мавҷуд аст.

    Баландшавии якбораи ҳарорат дар Аврупо ба оқибатҳои ғайричашмдошт оварда мерасонад. Обшавии ях ба ҷараёнҳои Атлантикаи Шимолӣ таъсир мерасонад, ки дар саросари Аврупо тӯфонҳои шадидтарро ба вуҷуд меорад. Илова бар ин, гармшавӣ ба кишоварзӣ, бахусус дар Осиёи Шарқӣ, Африқои ҷанубӣ ва Амрикои Марказӣ низ таъсир мерасонад, зеро ин минтақаҳо зери хушксолӣ хоҳанд монд.

    Нашрия ҳамчунин таъкид кардааст, ки вазъ бар асари фаъолияти инсон бадтар хоҳад шуд. Сӯхтани сӯзишвории истихроҷшуда ба афзудани газҳои гулхонаӣ дар атмосфера оварда мерасонад, ки бевосита ба раванди гармшавии Замин таъсир мерасонад.

    Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ҳарорати миёнаи сайёра дар соли 2024 ба 1,3-1,6 дараҷа боло хоҳад рафт, ки ин аз давраи пеш аз саноатӣ болотар аст, хулоса кард агентӣ.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates