Тибқи таҳқиқоти олимони Донишгоҳи “McGill”-и Канада, баландшавии сатҳи баҳр бо сабаби идомаи ихроҷи газҳои гулхонаӣ метавонад боиси нобудии шаҳрҳои соҳилӣ дар саросари ҷаҳон гардад.
«Дар оянда болоравии сатҳи баҳр мушоҳида хоҳад шуд, ки он метавонад шаҳрҳои соҳилиро тадриҷан зери об кунад», — омадааст дар гузориш.
Тибқи хулосаи олимон, шаҳрҳои соҳилии Африқо, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Амрикои Ҷанубӣ ва Марказӣ дар хатари баланди зери об мондан қарор доранд. Аз 840 миллион бино дар минтақаи таҳқиқшуда, 136 миллион бино то соли 2100 метавонад аз сабаби болоравии сатҳи баҳр ба 20 метр зарар бинанд.
Аксари ин биноҳо дар минтақаҳои паст, ки аҳолӣ зиёд аст, ҷойгиранд ва бинобар ин, портҳо, инфрасохтор ва ёдгориҳои фарҳангӣ низ зери хатар ҳастанд.
«Тағйирёбии иқлим ва болоравии сатҳи баҳр новобаста аз он ки дар наздикии уқёнус зиндагӣ мекунем ё на, ба ҳар яки мо таъсир мерасонад», гуфт профессори донишгоҳ Эрик Гэлбрейт.
Ба гуфтаи муаллифони таҳқиқот, ин ҳисобҳо метавонанд барои меъморон, банақшагирон ва истеҳсолкунандагон маълумоти муҳим бошанд, онҳо натиҷаҳоро метавонанд барои камтар намудани хисороти оянда истифода баранд, хабар медиҳад ria.ru.








