баннер
26 Mar 2025
22:10

    Олимон сабаби инсултҳои барвақтии пурасроро ошкор карданд

    Тандурустӣ 24 Mart 2025 423

    Олимони бритонӣ аз Донишгоҳи Кил сабаби инсултҳои криптогениро – инсултҳое, ки бе сабаби муайян рух медиҳанд – дар одамони то 50-сола пайдо карданд.

    Тадқиқот дар маҷаллаи илмии Neurology Open Access (NOA) нашр шудааст.

    Инсултҳои криптогенӣ барои табибон пурасрор боқӣ мемонанд: сабаби басташавии рагҳо номаълум мемонад. Аломатҳо заифӣ, мушкилот дар нутқ ва биноиро дар бар мегиранд ва оқибаташ метавонад марговар бошад.

    Дар таҷриба 546 нафари синнашон аз 18 то 49-сола, ки инсултро аз сар гузаронида буданд, ва ҳамон қадар шахсони солим иштирок карданд.

    Таҳлил нишон дод, ки тамокукашӣ омилӣ асосии хатари инсулт аст. Дар гурӯҳи нафароне, ки инсулт доштанд, 33 фоиз тамоку мекашиданд, дар муқоиса бо 15 фоиз дар гурӯҳи назоратӣ.

    Баъди ба назар гирифтани дигар омилҳои хатар (машрубот, фишори хун ва сатҳи таҳсилот), эҳтимолияти инсулт дар одамони тамокукаш ду баробар бештар буд. Дар байни мардон ин хатар се баробар зиёд мешуд, ва дар одамони синнашон аз 45 то 49-сола – тақрибан чор маротиба бештар буд. Онҳое, ки зиёда аз 20 баста сигор дар як сол мекашиданд, хатарашон 4-7 маротиба баландтар буд.

    Олимон даъват карданд, ки барои мубориза бо тамокукашӣ, махсусан миёни ҷавонон чораҳо тақвият дода шаванд, то шумораи инсултҳо коҳиш ёбад.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech