Мувофиқи маълумот, сирояти такрорӣ бо коронавирус дар соли 2020 хеле кам рух дод. Аммо, баъдтар олимон муайян карданд, ки масунияти пас аз интиқоли сироят ба даст овардашуда бо мурури замон заиф мешавад, менависад Eurasia Today.

Мувофиқи  маълумоти тадқиқот одамони синнашон аз 65 поён, ки гирифтори COVID-19 шудаанд, 80% аз сирояти дубора дар давоми шаш моҳ,  мизоҷони аз он калон бошад, танҳо ба  47 фоиз  муҳофизат карда мешаванд.

Коршиносон мутмаинанд, ки бемориҳои такрории коронавирус бо пайдоиши штаммҳои нави он алоқаманд аст. Онҳо умуман ба аксуламали иммунӣ тобовартаранд ва самаранокии ваксинаҳоро коҳиш медиҳанд.

Олимон аз 20 000 санҷиши мусбати сироят тақрибан 300 сирояти дубораи COVID-19-ро муайян карданд. Дар айни замон, фосилаи миёнаи вақт байни сирояти аввал ва баъдӣ танҳо тақрибан шаш моҳ буд.