Ҷоизаи байналмилалии ЮНЕСКО - Ӯзбекистон ба номи Берунӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ таъсис ёфт

    Илм 24 Oktabr 2024 1795

    Ҷоизаи байнулмилалии ЮНЕСКО - Ӯзбекистон ба номи Берунӣ таъсис дода шуд, ки ҳадафи он дастгирии таҳқиқоти ахлоқӣ ва рушди соҳаи зеҳни сунъӣ мебошад.

    Қарори мазкур бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба миён гузошта шуда, дар ҷаласаи 220-уми Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО, ки 22 октябри соли 2024 дар Париж баргузор шуд, якдилона қабул шудааст.

    Ҷоиза барои эътирофи лоиҳаҳои барҷастае, ки ба рушди ахлоқ ва фарогирӣ дар соҳаи ИС ва таҳкими ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ мусодат менамояд, дар ду сол як маротиба дода мешавад.

    Лауреатҳое, ки аз ҷониби доварони мустақили байналмилалӣ интихоб шудаанд, ба ифтихори эътирофи саҳми онҳо дар илми ҷаҳонӣ ҷоизаи пулӣ, шаҳодатнома ва медал мегиранд.

    Маросими аввалини ҷоизасупорӣ моҳи ноябри соли 2025 дар Самарқанд дар чаҳорчӯби иҷлосияи 43-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО баргузор мешавад, ки аҳамияти ин ташаббусро дар заминаи таҳкими робитаҳои байни Ӯзбекистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид мекунад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates