Масъулият барои ғайриқонунӣ буридани дарахтон пурзӯр гардонда мешавад

    Сайёраи сабз 10 Avgust 2022 811

    Дар ҷамъомади умумии навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис депутатҳо дар қироати аввал лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ"-ро баррасӣ намуданд.

    Қайд гардид, ки солҳои охир ба масъалаҳои экология ва ҳифзи муҳити зист, васеъ намудани майдонҳои сабзу хуррам, ниҳолшинонӣ ва нигоҳубини онҳо дар сатҳи сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, бо фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 декабри соли 2021 муайян шудааст, ки моратория барои буридани навъҳои қимматбаҳои дарахтон ва буттаҳо, ки ба таркиби фонди давлатии ҷангал ворид намешаванд, ба муҳлати номуайян дароз карда мешавад.

    Инчунин, дар доираи лоиҳаи миллии «Яшил макон» ниҳолҳои дарахту буттаҳо шинонда, майдони кабудизоркунӣ васеъ карда мешавад. Аммо, бо вуҷуди ин ҳолатҳо ходисаҳои қонуншиканӣ дар мавриди буридани ғайриқонунӣ ва осеб дидани дарахтон вуҷуд доранд.

    Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда барои ғайриқонунӣ буридани дарахтон, решакан кардан ё осеб расонидан ба дарахтон, тибқи Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷавобгариро пурзӯр мекунад.

    Яъне бо ворид намудани тағйирот дар як модда барои як намуди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар намудани як хел ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

    Ҳамин тариқ, қабули лоиҳаи қонун масъулияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, бахусус олами наботот зиёд намуда, самаранокии фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатиро дар ин самт беҳтар мекунад.

    Дар ҷамъомад депутатҳо оид ба лоиҳаи қонун фикру мулоҳизаҳои худро баён карда, барои минбаъд такмил додани он таклифҳои асоснок пешниҳод карданд.

    Баъд аз муҳокимаҳои дурудароз лоиҳаи қонун дар қироати аввал қабул гардид, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates