«UzAuto» дар Қазоқистон ба маблағи беш аз 500 миллион доллари ИМА  аҳднома ба имзо расонд

    Дар рафти ҷамъомади IV Шӯрои корчаллонони Қазоқистону Ӯзбекистон, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Нур-Султон баргузор гардид, дар соҳаи мошинсозӣ ба маблағи беш аз 500 миллион доллари ИМА созишномаи дуҷониба ба даст оварда шуданд.

    Аз ҷумла, ду ширкати бонуфузи автомобилсозии Ӯзбекистон ва Қазоқистон - ҶС "Ӯзавтосаноат" ва гурӯҳи ширкати "Аллюр" оид ба истеҳсоли воситаҳои нақлиёти хурдҳаҷм (калон)-и «Chevrolet» дар заводи «СариаркаАвтоПром»-и Кустанай корхонаи муштарак созмон доданд. Ба лойиҳа ворид намудани сармоя ба миқдори 65 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

    Бо дарназардошти зиёд будани талабот ба мошинҳои «Chevrolet» дар Қазоқистон, ҷонибҳо аз рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаи истеҳсоли ин мошинҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистон манфиатдор мебошанд.

    Тибқи созишномаҳо, дар пойгоҳи корхонаи «СариарқаАвтоПром» истеҳсоли замонавии балантехнологӣ ба роҳ монда шудааст, ки имкони маҳаллисозӣ ва содиротии иқтисодии ду кишварро афзоиш медиҳад. Созишномаҳое, ки дар мавриди дастгирии фаъолияти сармоягузориву иқтисодии ду ширкат ҳосил шуда буданд, тадриҷан амалӣ хоҳанд шуд.

    “Узавтосаноат” ҳамчунин бо ширкати автомобилсозии Қазоқистон “Казтехна” барои тавсеаи ҳамкорӣ бо Қазоқистон ба маблағи 15 миллион доллар қарордод ба имзо расонд. Бо мақсади васеъ кардани номгӯи маҳсулоти дар Қазоқистон истеҳсолшаванда дар базаи «Казтехна» истеҳсоли мошинхои боркаши "SINOTRUK HOWO" ба роҳ монда мешавад.

    Як қатор созишномаҳо бо фирмаҳои Қазоқистон вусъат додани ҳамкориро дар соҳаи техникаи хоҷагии қишлоқ пешбинӣ мекунанд. «Ўзавтосаноат» ва «Агромашхолдинг KZ» ба созишнома дар бораи шарикии стратегӣ ба маблағи 15 миллион доллари ИМА оид ба коркард ва фурӯши техникаи кишоварзӣ, аз он ҷумла тракторҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистон имзо кард.

    Ба ҷуз аз самтҳои асосии инжиниринг, бо ширкатҳои Қазоқистон дар бораи татбиқи қарорҳои замонавии рақамӣ дар бозори автомобилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба маблағи 50 миллион доллари ИМА созишномаҳо ба даст оварда шуданд.

    Бояд гуфт, ки ҳамкориҳои саноатии Ӯзбекистону Қазоқистон як қатор лоиҳаҳои муваффақ доранд. Аз марти соли 2020 дар Қӯстанай "Chevrolet" якҷо бо ширкати "UzAuto Motors" лоиҳаҳоеро ба роҳ монд ва имсол "SariarqaAvtoProm" якҷо бо "SamAuto" истеҳсоли автобуси арзони "SAZ LE 60"-ро роҳандозӣ мекунад.

    Ба ғайр аз ин, аз моҳи октябри соли 2019 автомобилҳои истеҳсоли "UzAuto Motors" дар рейтинги автомобилҳои бештар фурӯхташавандаи Қазоқистон пешсаф мебошад, хабар медиҳад ШС "Узавтосаноат".

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates