Бо даъвати ҷониби Корея 16-26 декабри соли равон аъзои ҳайати расмӣ дар таркиби шахсони мансабдори Вазорати маълумоти олӣ, илм ва инноватсия аз сафари хизматӣ ба Сеул баргаштанд.
Зимни сафар таҷрибаи Донишгоҳи кибери Сеул ва Донишгоҳи миллии кушоди Корея дар ташкил ва рушди таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, бо профессорону омӯзгорони донишгоҳҳои мазкур оид ба навгониҳои соҳа мубодилаи афкор сурат гирифт.
Масъалаҳои дар мактабҳои олии мамлакатамон ҷорӣ намудани комёбиҳо дар ин самт ва оянда дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон боз намудани донишгоҳ мухокима шуданд. Дар бораи ҳамкорӣ дар ин самт созиш ҳосил гардид.