Ўзбекистон –Арабистони Саудӣ: дар остонаи пешомади бузург

    15 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Ҷидда вохӯрии муовини Сарвазир – вазири сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшид Хоҷаев бо вазири сармояҳои Арабистони Саудӣ Холид ал-Фолиҳ ба амал омад.

    Дар рӯзнома – ҷузъҳои омодагии муштарак ба сафари пешистодаи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.

    Ҷонибҳо бо ишора ба лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ҷузъиёти иқтисодии сафарро дар сатҳи олӣ ба таври муфассал баррасӣ карданд. Ба ғайр аз ин, масъалаҳои ҷалби сармояҳои иловагии саудӣ ба Ўзбекистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Омодагии тарафайн барои ҳамкории зич дар татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак изҳор гардид.

    Бар асоси таҳлили зарфиятҳои мавҷуда барои фаъолгардонии равобити дуҷониба изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари дарпешистодаи сатҳи олӣ шарикии кишварҳоро ба сатҳи сифатан нави ҳамкориҳои амалӣ мебарорад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates