Ўзбекистон – Сингапур: дурнамои рушди ҳамкории мутақобилан судманди соҳаи нақлиётро баррасӣ намуданд

    Нақлиёт 14 Dekabr 2022 1191

    Муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусамат Мӯъминов бо муовини вазири нақлиёти Сингапур Эми Хард мулоқот кард.

    Дар мулоқот ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёт, логистика ва транзитро баррасӣ карданд.

    Аз ҷумла, оид ба ҷалби технологияҳои муосири сингапурӣ ба рақамикунонии соҳаи нақлиёт табодули афкор сурат гирифт. А.Мӯъминов пешниҳод кард, ки ҷониби Сингапур лоиҳаҳои рушди нақлиёти ҷамъиятии Ӯзбекистонро амалӣ намояд.

    Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки барои мутахассисони ӯзбекистонӣ, ки дар соҳаи нақлиёт кор мекунанд, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар Сингапур ташкил карда шавад.

    Дар пайи мулоқот ҷонибҳо дар мавриди имзои як ёддошти тафоҳум миёни ду вазорат дар моҳи январи соли 2023 дар бораи самтҳои пешбинишудаи ҳамкорӣ ба тавофуқ расиданд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates