Ӯзбекистон ва CEEC ҳамкориҳоро дар соҳаҳои энергетика ва инфрасохтор таҳким мебахшанд

    Энергетика 14 May 2025 1026

    Дар доираи Форуми байналмилалии «Нафт ва гази Ӯзбекистон», ки дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов бо директори генералии ширкати «China Energy Engineering Corporation» (CEEC) Ни Ҷжен мулоқот анҷом дод.

    Зимни вохӯрӣ ба таҳкими ҳамкории стратегӣ миёни Ӯзбекистон ва Чин, махсусан ба васеъ намудани иштироки ширкати CEEC дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор ва саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

    Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро дар самти истеҳсоли нерӯи барқ, рушди манбаъҳои энергияи барқароршаванда, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири муҳандисӣ ва сохтмонӣ ба таври муфассал баррасӣ карданд.

    Ҳамзамон, масъалаҳои омодасозии кадрҳо, сохтмони иншооти технологии мураккаб ва густариши рақамикунонӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

    No date selected
    June 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates