Ӯзбекистон ва Эрон ҳамлу нақли боркашонии роҳи оҳанро инкишоф медиҳанд

    Нақлиёт 23 Fevral 2022 1263

    Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов дар Теҳрон бо президенти созмони роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Миад Солеҳӣ мулоқот кард.

    Дар мулоқот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Ӯзбекистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақли роҳи оҳанро баррасӣ карданд.

    Намояндагони ҳарду ҷониб қайд карданд, ки ҳаҷми ҳамлу нақли бор миёни кишварҳои мо фаъолона афзоиш меёбад, бо назардошти он, ки 80 дарсади ҳамлу нақл дар ин раванд тавассути роҳи оҳан амалӣ мешавад, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт муҳим аст.

    Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот дурнамои ташкили ҳамлу нақли бор тавассути бандари Чобаҳори Эрон баррасӣ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates