Ўзбекистон ва Италия оиди ҳамкорӣ дар варзиши аспсаворӣ созишнома имзо карданд

    Варзиш 4 Aprel 2022 1567

    Раиси Федератсияи асппарварӣ ва варзиши аспдавонии Ӯзбекистон Баҳромҷон Ғазиев ва роҳбари Федератсияи аспдавонии Италия Марко ди Паоло ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд. Дар ин санад гуфта мешавад, ки ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ сурат мегирад.

    Дар чорабинӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ӯзбекистон дар Италия Отабек Акбаров иштирок кард.

    Дар доираи чорабинӣ ҷониби Италия ҳайати моро таҳти сарварии Баҳромҷон Ғазиев барои ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки рӯзҳои 25-29 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Сиена баргузор мешавад, инчунин ба чемпионати ҷаҳон оид ба триатлон ва драйвинг, ки 15-25 сентябр барпо мегардад, даъват намуд.

    Дар навбати худ ҷониби дохилӣ низ Марко ди Паолоро ба унвони меҳмони фахрӣ ба мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷаҳиш, ки моҳи ҷорӣ дар Тошканд баргузор мешавад, даъват кардааст.

    Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ, аспсаворонҳои ӯзбек метавонанд аз яке аз беҳтарин пойгоҳҳои Итолиё клуби варзиши аспдавонии "Pratoni Eventing - Ranieri" дидан карда, ҷамъомадҳои омӯзишӣ гузаронанд ва дар мусобиқаҳои ҳудуди ин кишвар ширкат кунанд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи ҳамкорӣ дар фаъолияти хоҷагиҳои калони зотпарварӣ ба мувофиқа расиданд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates