Ӯзбекистон ва Италия ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ тақвият медиҳанд

    Мулоқоти роҳбари Агентии муҳоҷирати назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Беҳзод Мусаев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Италия дар Ӯзбекистон Пиергабриэле Пападия де Боттини баргузор гардид.

    Дар ҷараёни суҳбати дӯстона иҷро ва татбиқи амалии Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва ҳаракати аҳолӣ, ки 29 майи соли ҷорӣ дар доираи сафари расмии Сарвазири Италия Ҷорҷия Мелонӣ ба Ӯзбекистон ба имзо расидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

    «Ёддошти имзошуда санади таърихист, ки барои таҳияи он корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Ман ҷонибдори ҳарчи зудтар амалӣ шудани ин созишнома ҳастам. Муҳоҷират як самти муҳими фаъолият мебошад ва Ӯзбекистон бо таҷрибаи ғанӣ дар ин соҳа метавонад намуна барои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бошад», — таъкид кард Сафири Италия Пиергабриэле Пападия де Боттини.

    Ҳамзамон қайд гардид, ки дар Италия ба мутахассисони соҳибихтисос дар соҳаҳои муҳандисӣ, сайёҳӣ ва кишоварзӣ талаботи зиёд вуҷуд дорад. Ҷониби Италия иттилоъ дод, ки аз соли 2026 ба шаҳрвандони Ӯзбекистон 1500 квотаи ҷойи корӣ ҷудо хоҳад шуд.

    Қайд кардан бамаврид аст, ки айни замон дар Италия шаҳрвандони Ӯзбекистон бо мақоми ғайриқонунӣ вуҷуд надоранд, ки ин заминаи боэътимоди ҳамкории минбаъдаи самарабахшро фароҳам меорад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates