баннер
21 Apr 2025
04:14

    Ӯзбекистон ва Қазоқистон афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли транзитӣ ва рушди долонҳои нақлиётии байналмилалиро баррасӣ карданд

    Нақлиёт 7 Noyabr 2024 1444

    Дар ҳошияи ҷаласаи 81-уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раиси раёсати ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» З.Нарзуллаев ва раиси раёсати ҶС Корхонаи миллии «Қазақстан темір жолы» Нурлан Сауранбаев гуфтушунид анҷом доданд.

    Ҷониби Қазоқистон ба ислоҳоти соҳаи роҳи оҳан дар Ӯзбекистон баҳои баланд дода, самаранокии онҳоро қайд намуд.

    Дар мулоқот ҳамчунин табодули афкор доир ба равандҳои рақамисозӣ ва трансформатсия миёни ду кишвар сурат гирифт. Ба ҳамин муносабат саъю кӯшишҳои муштарак оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва баланд бардоштани самаранокии соҳаи роҳи оҳан баррасӣ шуданд.

    Ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади ҷалби гардиши иловагии бор тарифҳои рақобатпазир ҷорӣ кунанд. Доир ба афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли транзитӣ ва рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ табодули афкор сурат гирифт.

    Инчунин, раиси раёсати Корхонаи миллии ҶС «Қазақстан темір жолы» Нурлан Сауранбоев роҳбари ширкат З.Нарзуллаев ва тамоми кормандонро бо 30-солагии таъсисёбии ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» самимона табрик намуд.


    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech