Ба ҳайати вакилони ҳамкасбони қазоқ муовини раиси раёсати оид ба логистикаи ҶС ««НК «Қазақстан темiр жолы» Е. Койшибаев сарварӣ кард.
Дар ҷараёни музокироти байни ҷонибҳо масъалаҳои зиёд кардани ҳаҷми ҳамлу нақли бор, пешниҳоди имтиёзҳои тарифӣ, қабулу интиқоли қатораҳо, табодули иттилоот тавассути системаҳои иттилоотии мутақобила ва рақамисозӣ баррасӣ шуданд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои дарозмуддати дуҷонибаи мутақобилан судмандро бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли бор тавассути қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, пеш аз ҳама тавассути созишномаи пешакӣ оид ба пешниҳоди имттиёзҳои тарифии мутақобилан судманд ва татбиқи онҳо барои давраҳои оянда амалӣ намоянд.
Бо мақсади идома додани корҳо оид ба рақамикунонӣ мувофиқа карда шуд, ки байни мутахассисони дахлдор вохӯриҳо тариқи видеоконфронс баргузор карда шаванд.
Бинобар анҷоми музокирот миёни ҷонибҳо протоколи дахлдор ба имзо расид, хабар медиҳад маркази матбуъотии таҳлилӣ «Ўзбекистон темир йўллари» АЖ маркази иттилоттии ахбору таҳлилиии ҶС «Узбекистон темир йуллари».