Ӯзбекистон ва Латвия масъалаҳои инкишофи боркашонии дутарафаро муҳокима карданд

    Нақлиёт 8 Noyabr 2024 897

    Муовини якуми вазири нақлиёт Маманбий Омаров бо намояндагони ҳайат таҳти роҳбарии мушовири вазири нақлиёти Ҷумҳурии Латвия Янис Мейранс мулоқот кард.

    Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди ҳамлу нақли дуҷониба миёни Ӯзбекистон ва Латвия, мушкилот дар ин самт ва роҳҳои ҳалли онҳо табодули афкор намуданд.

    Дар ҳоли ҳозир дар густариши равобити тиҷоратӣ байни Ӯзбекистон ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аҳамияти хатсайри убур аз бандарҳои Латвия меафзояд. Бо дарназардошти ин, дар мулоқот ҷанбаҳои марбут ба истифодаи самараноки иқтидори инфрасохтори бандарии Латвия баррасӣ шуданд.

    Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба ҷорӣ намудани системаи табодули электронии варақаҳои иҷозат (Е-permit) байни кишварҳо бо мақсади тезонидани раванди ҳамлу нақли бор табодули назар карданд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates