Ўзбекистон ва Литва ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт ва логистика пурзӯр мегардонанд

    Нақлиёт 24 Avgust 2022 1437

    Ҳайат таҳти сарварии вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов имкониятҳои инфрасохтори нақлиётиву логистикии Литваро омӯхта, бо шарикони литвагӣ оид ба масъалаҳои рушди ин соҳа ва пешомади ҳамкорӣ музокирот баргузор кард.

    Дар рафти музокирот байни вазири нақлиёти Ӯзбекистон Илҳом Махкамов ва вазири нақлиёти Литва Мариус Скуодис масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди Ӯзбекистону Латвия дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика, пешниҳоди тарафайни тахфифҳо барои ҳамлу нақл, фароҳам овардани шароити мусоид барои боркашонандагони миллӣ баррасӣ шуданд.

    Мариус Скуодис таъкид кард, ки Ӯзбекистон шарики афзалиятноки Литва дар Осиёи Марказӣ аст. Ҳамкории чандинсолаи муваффақ дар бахшҳои нақлиёт ва транзиту логистика ва тамоюли афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ байни кишварҳо қайд карда шуд. Манфиати тарафайн ба густариши ҳамкориҳои амалӣ дар ин самт тасдиқ карда шуд.

    Дар натиҷаи музокироти роҳбарони вазоратҳои нақлиёти ду кишвар дар бораи фаъол гардонидани ҳамкориҳои сохторҳои махсусгардонидашуда, ширкатҳои логистикӣ ва бандарҳо, инчунин оғоз намудани таҳияи муштараки механизмҳои нави шарикӣ, ки ба диверсификатсияи хатсайрҳои содиротии Ӯзбекистон дар самти Аврупо нигаронида шудаанд, ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates