Ӯзбекистон ният дорад то соли 2023 аз Русия 30 ҳазор тонна нафт ворид кунад

    Саноат 26 Aprel 2023 1279

    Ӯзбекистон бо шарикони рус дар соҳаи нафту газ пайваста ҳамкорӣ мекунад, аз ҷумла ба наздикӣ бо ширкати «Газпром нефт» дар мавриди интиқоли 300 ҳазр тонна нафт дар соли 2023 тавофуқ ҳосил шуд.

    Дар ин бора сардори сарраёсати вазорати энергетикаи Ӯзбекистон Аҳмадҷон Убайдуллоев дар намоишгоҳи саноатии «Иннопром. Осиёи Марказӣ», ки дар Тошканд баргузор мегардад, изҳор намуд, хабар медиҳад ТАСС.

    Ӯ қайд кард, ки Ӯзбекистон бо шариконпи рус дар соҳаи нафту газ пайваста ҳамкорӣ мекунад. Ҳамчунин ба гуфтаи Убайдуллоев ҳамкоириҳо бо ширкатҳои дигари Русия, аз ҷумла ширкати «Татнефт», ки дар ҷумҳрӣ се нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дорад, сурат мегирад. Дар ҳоли ҳозир музокирот барои густариши фаъолияти он дар кишвар идома дорад.

    А. Убайдуллоев ҳамчунин гуфт, ки беш аз 30 фоизи ширкатҳои нафту гази Ӯзбекистон бо иштироки сармояи Русия таъсис ёфтаанд.

    «То имрӯз бузургтарин сармоягузори саноати нафту гази ҷумҳурӣ ширкати «Лукойл» мебошад, ки аллакай ба ду лоиҳаи дар асоси созишномаи тақсими маҳсулот амалигардида беш аз 10 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст», – гуфт А. Убайдуллоев.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates