Дар ин бора мушовири Президенти Ўзбекистон ва мудири департаменти маъмурияти сарвари давлат Қаҳрамон Қуронбоев хабар додааст, менигорад ТАСС.
Ӯ дар мулоқот бо муовини раиси Думаи давлатӣ Владислав Даванков гуфт: "Аз шумо хоҳиш мекунем, ки масъалаи аз ҳисоби ҳамватанони узбакистонӣ ифтитоҳ намудани муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои хусусиро дар барномаҳои таълимие, ки ба қонунгузории Русия мувофиқанд, баррасӣ кунед".
Ба гуфтаи Қуронбоев, ин дархост ба далели он аст, ки коргарони Ӯзбекистон, ки дар Русия кор мекунанд ва дар парасторӣ фарзанд доранд, бо мушкили муайяне барои ҷалби онҳо ба кӯдакистону мактабҳо рӯ ба рӯ ҳастанд.
Мушовири Президенти Ӯзбекистон дар як нишаст дар Думаи давлатӣ ҳамчунин хоҳиш намудааст, дар сатҳи қонунгузорӣ масъалаи содда кардани расмиёти муҳоҷирати шаҳрвандони ҷавони Ӯзбекистон, ки ба Русия омадаанд, баррасӣ кунад.
Илова бар ин, Қуронбоев пешниҳод кард, ки ҳамкориҳои порлумонҳои ҷавонон ва комиссияҳои тахассусии парлумонҳои ду кишвар ва ташкили барномаҳои табодули донишҷӯён, аз ҷумла бригадаҳои сохтмонӣ ташкил карда шавад.
Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки Ӯзбекистон ба татбиқи таҷрибаи Русия дар соҳаи дастгирии ҷавонони боистеъдод ва рушди иқтисоди эҷодӣ манфиатдор аст. «Мо омӯхтани таҷрибаи Русияро оид ба рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ ва татбиқи он дар Ӯзбекистон мувофиқ мешуморем», - афзуд Қуронбоев.