Бинобар гузориши агентии "Анодолу"-и Туркия, дар ин ҳамоиш раиси Шӯро Биналӣ Йилдирим, намояндаи Озарбойҷон Гасан Гасанов, намояндаи Қазоқистон Икрам Адирбеков, намояндаи Қирғизистон Медетхан Шеримқулов, намояндаи Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллаев, намояндаи Туркманистон Реҷеп Базаров ва Дабири кулли СКТ Бағдод Амреев, инчунин ҳайатҳои дахлдор ширкат доштанд.
Биналӣ Йилдирим қайд кард, ки мулоқоти қаблӣ рӯзи 9 феврал дар Истанбул баргузор шуда, мулоқоти дуюми ба нақша гирифташуда аллакай дар Қирғизистон баргузор шудааст. Вай ёдовар шуд, ки рӯзҳои 29 сентябр - 2 октябр дар минтақаи Изники Бурсаи Туркия чаҳорумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён баргузор мешаванд.
Оқсақол аз Озарбойҷон Гасан Гасанов пешниҳод намуд, ки мувофиқи қарори дар ҷамъомади 12-ум қабулшудаи Шӯрои мӯйсафедон дар изҳороти имрӯза консепсияи нави кории бо мақсади аз нав дида баромадани таърихи халқҳои турк тайёршуда инъкос дода шавад.
Оқсақал аз Қазоқистон Икром Адирбеков гуфт, ки дар Қазоқистон китобҳои дарсӣ оид ба таърихи туркӣ ва адабиёти туркӣ муаррифӣ шудааст ва нусхаҳои онҳоро ба иштирокдорони нишаст пешкаш намуд.
Оқсақол аз Ӯзбекистан таклиф кард, ки соли оянда дар мамлакати мо ҷамъомади 14-уми Шӯрои мӯйсафедон ташкил карда шавад.
Дар ҷамъомад омодагӣ ба Ҳамоиши сарони давлатҳо, ки дар Самарқанд баргузор мешавад, баррасӣ хоҳад шуд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.
Котиби генералӣ Бағдод Амреев таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки ин ҳамоиш дар даврае баргузор мешавад, ки ҷаҳон ва минтақа бо таҳдиду чолишҳое, ки паёмадҳои ҷиддие, аз қабили норасоии об ва ғизо, афзоиши якбораи қимати нерӯи барқ, гармшавии глобалӣ, муҳоҷирати оммавӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва табъиз доранд, рӯ ба рӯ ҳастанд.