Ӯзбекистон ба сафи кишварҳои сатҳи гуруснагӣ поёнтар дохил шуд

    Ӯзбекистон дар раддабандии ҷаҳонии гуруснагӣ дар ҷои 22-юм қарор гирифт ва дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф шуд, хабар медиҳад Global Hunger Index (GHI).

    Ин нишондиҳанда дар асоси чаҳор меъёр: сатҳи камғизоии аҳолӣ, сатҳи фавти кӯдакони то панҷсола, фоизи кӯдакони гирифтори лоғар ва қадпастӣ ташаккул меёбад. Ҳар қадаре ки кишвар холҳои зиёд дошта бошад, ҳамон қадар мушкилоти гуруснагӣ зиёд мешавад.

    Дар 24 соли охир Ӯзбекистон ба пешравиҳои назаррас ноил шудааст: дар соли 2000 шохиси гуруснагӣ 24,3 балл буд, ки ин кишварро дар гурӯҳи гуруснагии шадид қарор додааст. Имрўз ин нишондод ба камтар аз 5 балл поин рафтааст.

    Пас аз Ӯзбекистон дар минтақа Қазоқистон (25-ум), Қирғизистон (36-ум) ва Туркманистон (50-ум) қарор доранд, ки дар ҳамаи онҳо мизони гуруснагӣ паст аст. Тоҷикистон дар гурӯҳи кишварҳои гуруснагӣ мӯътадил боқӣ монда, дар ҷои 65-ум қарор гирифт.

    Дар арсаи ҷаҳонӣ бадтарин кишварҳо аз лиҳози гуруснагӣ Чад, Яман ва Сомалӣ боқӣ мондаанд. Дар ҳамин ҳол, Белорус, Босния ва Ҳерсеговина ва Чилӣ дар садри феҳристи кишварҳои "сер" қарор доранд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates