Ба мақсади саҳм гузоштан барои ҳалли ин масъала аз тарафи ҶС “Ӯзнефтегаз” лоиҳаи “Коҳиш додани эмиссияи метан” татбиқ мегардад.
Моҳи ноябри соли ҷорӣ дар доираи лоиҳае, ки дар якҷоягӣ бо мутахассисони ширкати швейтсарии “Vema S.A.” татбиқ мегардад, дар конҳои “Кукдумалоқ”, “Зеварда”, “Алан” ва “Помук”, ки тобеи раёсатии нефту гази Муборак мебошанд, барои муайян кардани партовҳои метан як қатор корҳо ба ҷо оварда шуданд.
Аз ҷумла, дар таҷҳизоте, ки дар установкаҳо кайҳо истифода бурда мешавад, тадқиқот ва мушоҳидаҳо гузаронида, барои бартараф намудани ходисаҳои ошкоршудаи ихроҷи партовҳои метан тавсияю хулосаҳо дода шуданд.
Дар оянда дар якҷоягӣ бо шарикони хориҷӣ корҳо оид ба кам кардани партоби метан дар ҳамаи корхонаҳои истеҳсолие, ки аз ҷониби ширкат фаъолият мекунанд, ба нақша гирифта шудааст.