Корхонаҳои тобеи ширкат дар давраи гузашта 293,2 ҳазор тонна (102 фоизи нақша) бензин, 111,7 ҳазор тонна (120 фоизи нақша) сӯзишвории дизелӣ истеҳсол карданд.
Инчунин, ба мақсади таъмини эҳтиёҷоти истеъмолгарони ҷумҳурӣ ба бензин бинобар ҷамъбасти семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби ҶС «Ўзбекнефтегаз» 68,0 ҳазор тонна бензини тамғаи АИ-80 К-5 интиқол дода шуда бошад, аз онҳо 58,0 ҳазор тоннааш ба истеъмолгарон расонда дода шуданд.
Аз ҷумла, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 306,8 ҳазор тонна бензини автомобилӣ ба савдоҳои биржа гузошта шуд, ки 293,6 ҳазор тоннаашро истеъмолкунандагон харидорӣ кардаанд.
Бинобар хабари хидмати матбуоти ҶС «Ўзбекнефтегаз» истеъмолгарони ҷумҳурӣ мунтазам бо сӯзишвории балансифати дизелии Евро-4, 5, 6 таъмин карда мешаванд, аз ҷумла дар моҳҳои январ-март ба савдоҳои биржа 225 ҳазор тонна ин гуна сӯзишвории дизелӣ расонда дода шуд.