Намояндагони мунтахаби Ӯзбекистон дар даври 1/16 финалӣ аз варзишгарони Кореяи Ҷанубӣ дар қувваозмоии ҷуфтӣ мағлуб шуданд. Пас аз он онҳо дар мубориза барои роҳхатҳои иловагӣ ба Ҷоми Ҷаҳон бар Анастасия Лаврова ва Ангелина Романовская (Қазоқистон) бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд.
Ба гуфтаи варзишгарони ватанӣ ин пирӯзӣ имкон дод, ки дар мусобиқоти чемпионати ҷаҳон, ки аз 20 то 28 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Дурбони Африқои Ҷанубӣ баргузор мешавад, ширкат варзад.