Ваксинаи ӯзбекистониву чиноии ZF-UZ-VAC2001 аз "омикрон" муҳофизат мекунад

    Тандурустӣ 14 Dekabr 2021 967

    Ширкати чинии "Anhui Zhifei Longcom Biopharmaceutical" натиҷаҳои як тадқиқоти хурдеро оид ба ваксинаи зидди коронавируси худ (ZF-UZ-VAC2001) нашр кард. Ин дору метавонад зидди варианти "омикрон" антитело ба вуҷуд орад, гарчанде ки аксуламал нисбат ба варианти аслии вирус заифтар аст. Дар ин бора Reuters менависад.

    Дар ширкат изҳор карданд, ки антителоҳои безараргардонандаи зидди "омикрон" дар намунаҳои 78 фоиз аз 32 субъектҳое, ки як моҳ пеш се ваксина гирифта буданд, пайдо шуданд.

    Аз 32 субъект 16 нафарашон вояи дуюм ва сеюмро бо фосилаи беш аз чор моҳ гирифтаанд ва ҳамаашон антителоҳои безараркунанда ба "омикрон" доштанд, аммо сатҳи антителоҳои онҳо нисбат ба сатҳи бар зидди коронавируси аввалӣ мушоҳидашаванда тақрибан се баробар пасттар буданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates