Дирӯз Федератсияи варзиши сабук бахшида ба ин рӯйдод нишасти матбуотӣ баргузор кард. Дар он котиби генералии федератсия Камолиддин Рӯзимуҳаммадов, директори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук Санатилла Ғуломназаров, масъулини Кумитаи тадорукот ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Мусобиқаи оммавӣ дар 15 шаҳри ҷумҳурӣ ба масофаи 3 километр ва дар Тошканд — ба масофаи 3 ва 10 километр баргузор мегардад. Дар чорабинии дарпешистода, ки дар пойтахт баргузор мешавад, дар маҷмӯъ беш аз 6000 ҳазор ва дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 100 ҳазор ихтиёриён ширкат хоҳанд кард. Ба гуфтаи масъулон, барои ширкат дар ин мусобиқа варзишгарон аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон даъват шудаанд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани таблиғи ин мусобиқаи оммавӣ дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ ташкили конференсияҳои матбуот пешбинӣ шудааст. Аз рӯи анъана,  майдончаи назди маҷмӯи “Ҳумо Арена” нуқтаҳои оғозу анҷоми марафони пойтахт муайян карда шуд. Мусобиқаҳо дар тамоми манотиқи кишвар 19 ноябр соати 07:30 оғоз мешаванд.