Аз ҷумла, муовинони ҳокими ноҳияи Бӯстони вилояти Андиҷон оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ ва кишоварзию хоҷагии об бо иттиҳоми ҳамдастӣ ва бо истифода аз мавқеи корӣ бар ивази ба таври сунъӣ пӯшонидани нақшаи содироти як хоҷагии деҳқонӣ ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ, 65 миллион сӯм пора талаб кардаанд.
Муовини ҳоким оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва хоҷагии об моҳи августи соли равон 25 миллион сӯмро ҳамчун пешпардохт мегирад. Ҳангоми гирифтани қисми боқимонда, яъне 40 миллион сӯм тавассути муовини ҳоким оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ бо далелҳои шайъӣ боздошт мешаванд.
Аз рӯи ин ҳолат нисбат ба шахсони мансабдор бо моддаи 210, қисми 2, банди “в” ва “г”-и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, чораи пешгирии “ҳабс” татбиқ гардид.
Дар ҳолати дигар, шаҳрванд ба “Call-марказ”-и Хадамоти амнияти давлатӣ муроҷиат карда хабар медиҳад, ки ду нафар бо баҳонаи доштани шиносоҳои баландмақом дар ҳокимият, барои табдил додани категорияи як гектар замин дар ноҳияи Сергелӣ ва гирифтани иҷозат барои сохтмони биноҳои баландошёна, 900 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд.
Дар рафти амалиёти фаврӣ дар ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд, “корчаллонҳо”-е, ки мехостанд бо роҳҳои ғайриқонунӣ сарватманд шаванд, ҳангоми гирифтани 220 ҳазор доллар пешпардохт бо далелҳои шайъӣ дастгир шуданд.
Аз рӯйи ҳолат нисбат ба қонуншиканҳо бо моддаи 168, қисми 4, банди “а” ва моддаҳои 28 ва 211, қисми 3, банди “а” парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, чораҳои пешгирии “ҳабс” татбиқ шуданд.
Дар рафти чорабинии зудамал, ки дар асоси муроҷиати истиқоматкунадаи вилояти Қашқадарё бо ҳамкории кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ ва Департаменти мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ гузаронида шуд, муовини раиси Шӯрои вилоятии ташкилоти “Ватанпарвар” ҳангоми гирифтани 20 миллион сӯм барои тақдими шаҳодатномаи ронандагӣ ба фарзанди аризадиҳанда бидуни имтиҳон дар утоқи кориаш бо далелҳои шайъӣ дастгир шуд.
Нисбат ба ӯ бо моддаи 168, қисми 3, банди “в” ва моддаи 28, қисми 1, моддаи 211-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Ҳоло тафтишот идома дорад.