Дар Бухоро Осорхонаи мероси ҷадидон кушода мешавад

    Фарҳанг 3 Iyun 2024 2008

    Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи ташкил кардани Осорхонаи давлатии мероси ҷадидон" (ҚП № 201 аз 30,05,2024) қабул шуд.

    Мувофиқи қарор, дар макони таърихии шаҳри Бухоро – маҷмааи "Ҳовли Поён" Осорхонаи давлатии мероси ҷадидон (Музей) таъсис дода мешавад.

    Яке аз вазифаҳои асосии фаъолияти Осорхона ошкор, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, омӯхтан, барқарорсозӣ, нусхабардорӣ, нашри сарчашмаҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ ва ҳуҷҷатҳои таърихии ба ҷараёнҳои ҷадидон бахшидашуда, ғанӣ гардонидани фонди осорхонаҳо ва ташкили намоишгоҳҳо дар асоси онҳо, инчунин амалӣ намудани фаъолияти маданию маърифатӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ муайян шудааст.

    Дар доираи иқдоми умумимиллии «Саҳми ман дар мероси миллӣ» аз аҳолӣ маводи таърихӣ, ашё ва аксҳои нодир барои Осорхонаи бахшида ба ҷунбиши ҷадидон харидорӣ карда мешавад.

    То 1 январи соли 2025 ашё ва коллексияҳои осорхонавӣ, китобу дастнависҳо, инчунин масолеҳи сохтмон, таҷҳизот, ҷузъҳои комплектӣ, асбобу анҷом, қисмҳои эҳтиётӣ, конструксияҳои метал, мебел, ҷиҳозҳое, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол нашуда, барои созмон додани Осорхона тибқи тартиби муқарраргардида ташкккул дода мешаванд, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, хабар медиҳад Вазорати адлия.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates