Осорхонаи миллии Қатар соли 2019 кушода шуда буд. Дар он таърихи давлат, расму оини мардуми Қатар, маълумот дар бораи ёдгориҳои кишвар инъикос ёфтааст. Тамошобинони музей бо табиати халиҷи Форс ва ҳайвоноти нодири он шинос мешаванд.
Осорхонаи санъати исломӣ дар байни ҷойҳои ҷолиби диққати Қатар ҷои махсусро ишғол мекунад. Он дар соли 2008 кушода шуд. Бинои панҷошёна дар ҷазираи сунъӣ дар соҳили Доҳа ҷойгир шудааст. Гуногунии фарҳанги суннатӣ ва серқиррагии санъати исломӣ дар ин ҷо инъикос ёфтааст.
Дар осорхона ашёҳои санъати исломӣ, ки дар Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна аз асрҳои VII то XIX офарида шудаанд, маҳфузанд. Дар ин ҷо китобхона ва зали хониши дорои 200 ҷой, лабораторияи реставратсия ва утоқҳои намоишӣ мавҷуд аст. Нусхаи саҳифае аз Қуръон, ки аз Самарқанд оварда шудааст, дар ин ҷо низ маҳфуз аст. Ин дар бораи дӯстии мустаҳкам ва умумияти маънавии халқҳои мо шаҳодат медиҳад.