Аз 30 август ташкилотҳои сайёҳӣ ва муассисаҳои ҷойгиркунӣ дар саросари ҷумҳурӣ то 20% тахфиф ба:
- хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо, хостелҳо ва хонаҳои меҳмонӣ;
- чиптаҳои воридшавӣ ба музейҳо, ёдгориҳо ва дигар объектҳои мероси фарҳангӣ, ки зери идораи Бунёди хайриявии «Вақф» ва Оҷонсии мероси фарҳангӣ қарор доранд;
- барномаҳои алоҳидаи экскурсионӣ ва сайёҳӣ пешниҳод мекунанд.
Ҳадафи ин иқдом он аст, ки сокинони кишвар бештар бо сарвати таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Ӯзбекистон шинос шаванд ва роҳҳои нави дохилиро фаъолона кашф намоянд.
Дар доираи чорабиниҳои идона бо иштироки намояндагони соҳаи сайёҳӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ ярмаркаҳои сайёҳати дохилӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва аксияҳои фароғатӣ ташкил карда мешаванд.








