Дар он директори департаменти идоракунии ширкати «Sheih zayed housing programme» Ҳусайн Абдуллоҳ Ал Бишр, корманди ширкати “U.A.Enterprises” Сакер Халифа Ал Моса, шарики шуъбаи идоракунии ширкати «Rotanbiz» Ҳошим Иброҳим Албалушӣ ва директори шуъбаи идоракунӣ Муҷиб Ур Реҳман иштирок карданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузории АМА ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Консулгарии генералӣ ба соҳибкорон дар бораи ислоҳоти васеъмиқёс дар Ӯзбекистон ва таваҷҷуҳи махсус ба намояндагони ҷомеаи соҳибкорӣ, инчунин дар бораи шароит барои сармоягузорони хориҷӣ маълумот дод. Имконияти ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Ӯзбекистон ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд қайд карда шуд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ изҳор доштанд, ки шароити дар Ӯзбекистон барои сармоягузорони хориҷӣ фароҳам овардашударо омӯхта, дар ояндаи наздик ба кишвари мо сафар хоҳанд кард.