Дар Душанбе нахустин ҳамоиши ректорони донишгоҳҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад

    Таълим 7 Mart 2023 1383

    Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия Иброҳим Абдураҳмонов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзодаро ба ҳузур пазируфт.

    Дар мулоқот як қатор масъалаҳо, аз қабили тавсеаи равобити ҳамкориҳои ояндадор дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия, аз ҷумла ташкили анҷуманҳои ректорони донишгоҳҳо ва донишҷӯёни Ӯзбекистону Тоҷикистон, ҳамчунин афзоиши мубодилаи академии байни факултетҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Дар оғози суҳбат ба ислоҳоте, ки дар соҳаи таълими олӣ ва илми кишварамон таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев солҳои охир татбиқ мегарданд, баҳои баланд дода шуд. Илова бар ин, муносибатҳо бо Тоҷикистон ба зинаи нав баромад, аз ҷумла дар заминаи табодули омӯзгорону донишҷӯён, конфронсҳои илмӣ, иштироки тарафайн дар кори шӯроҳои илмӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф хеле фаъол гардиданд.

    Ҷонибҳо ба суръатбахшии минбаъдаи кор оид ба табодули таҷриба дар ташкили самараноки раванди таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар соҳаи маориф, баргузории олимпиадаҳои илмӣ байни донишҷӯёни ду кишвар, ҳамкорӣ дар самти татбиқи ғояҳои илмӣ ва инноватсионии ҷавонон манфиатдорӣ изҳор намуданд.

    Мубодилаи афкор барпо гардида, нақшаҳои пешомаднок муҳокима шуданд. Аз ҷумла, ҷониби Тоҷикистон дар бораи 13-15 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор намудани ҳамоиши ректорони мактабҳои олии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо мусоидати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ дод.

    Ҳоло панҷ муассисаи таълими олии кишвар барои мактабу литсейҳо ва муассисаҳои таълими олӣ, ки дар онҳо таълим ба забони тоҷикӣ сурат мегирад, кадр омода мекунанд. Ҳамчунин дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, дар Донишгоҳи давлатии Термиз филологияи тоҷик ва забонҳои шарқ фаъолият доранд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates