Дар водии Фарғона кӯшиши воридоти ғайриқонунии тилло аз Қирғизистон ба маблағи зиёда аз 5,2 миллиард сӯм пешгирӣ карда шуд

    Бехатарӣ 18 Iyul 2025 987

    Дар натиҷаи чорабинии зудамали кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ дар вилоятҳои Андиҷон ва Фарғона, сокини шаҳри Андиҷон, соли таваллудаш 1992, ҳангоми убур аз постгоҳи гумрукии сарҳадии «Водил Авто» аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави вилояти Фарғона тибқи тартиби муқаррарӣ тафтиш карда шуд.

    Дар натиҷа маълум шуд, ки ин шахс зери либосҳояш пинҳон карда, дар маҷмӯъ 859 адад ҷавоҳирот ва 1 адад соати дастиро аз кишвари ҳамсоя овардааст.

    Ба гуфтаи мутахассисон, вазни софи ин ҷавоҳирот, ки таркиби кимиёвии онҳо тилло ба ҳисоб рафта, бо алмос оро дода шудааст, 4 килою 155 грамм буда, арзиши умумии онҳо 5 миллиарду 213 миллион сӯмро ташкил медиҳад.

    Маълум шуд, ки ин ҷавоҳиротро қариб 10 нафар тоҷири муқими вилоятҳои Андиҷон ва Фарғона аз Туркия ба Ҷумҳурии Қирғизистон ворид кардаанд. Ин шахс бар ивази пардохти ҳаққи хидматрасонӣ ба маблағи 400 доллари амрикоӣ бояд тавассути пости гумрукии марзӣ онҳоро мегузаронд.

    Ҳоло нисбати ин шахс тибқи моддаи 182, қисми 2, банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, шахсони аслии соҳибони молҳои қиматбаҳо муайян карда мешаванд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates