Дар ҷараёни вохӯрӣ, Фарид бин Саъад аш-Шаҳрӣ консули генералии Ӯзбекистонро бо таъин шудан ба вазифаи нав табрик гуфта, нусхаи аслии экзекватураи консулӣ, ки аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ имзо шудааст, супорид. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки шӯъбаи Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Ҷидда омода аст ба Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар ҳама масъалаҳо кумаки ҳамаҷониба расонад, хабар медиҳад АИ "Дунё".
Дар рафти суҳбат таъкид шуд, ки тайи солҳои охир ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ дар ҳамаи самтҳо ба таври назаррас тақвият ёфтаанд. Табодули иттилоот оид ба намоишгоҳҳои байналмилалӣ, фестивалҳо ва конференсияҳои дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сайёҳӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дарпешистода, инчунин зарурати ҷалби намояндагони ду кишвар дар ин чорабиниҳо мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.
Тарафҳо инчунин оид ба имкониятҳои таъсиси Маркази «Забон ва фарҳанги ӯзбекӣ» дар назди Консулгарии генералӣ мубодилаи афкор карданд.
Илова бар ин, масъалаҳои ташкили мавсими «Ҳаҷҷи-2025» дар сатҳи баланд, бахусус фароҳам овардани шароити сазовор барои ҳаҷиёни Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.