Дар Гурҷистон масъалаҳои таъмини ҳамлу нақли пайвастаи молҳои Ӯзбекистон тавассути бандарҳои Поти ва Батуми баррасӣ шуданд

    Нақлиёт 21 Fevral 2023 2115

    Дар ҷараёни сафари гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини вазири нақлиёт Абдусамат Мӯъминов ба Гурҷистон рӯзҳои 15-17 феврали соли равон бо роҳбарияти Вазорати иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон, ҶС «Роҳи оҳани Гурҷистон», бандарҳои Поти ва Батуми, намояндагони терминали хусусии бандар мулоқот анҷом дода шуданд.

    Аз ҷумла, дар мулоқот бо муовини вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Гурам Гурамишвилӣ масъалаҳои ташкили ҳамлу нақли пайвастаи молҳои содиротӣ ва воридотии Ӯзбекистон ба кишварҳои Аврупо ва Амрико тавассути бандарҳои Гурҷистон баррасӣ шуданд.

    Инчунин ҷиҳатҳои арзон кардани арзиш ва муҳлатҳои кашондани бор, васеъ намудани имтиёзҳои тарифӣ баррасӣ шуданд.

    Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба истифодаи самараноки инфрасохтори бандарҳои Поти ва Батуми табодули афкор намуданд. Дар доираи самтҳои ҳамкории дар рафти мулоқот баррасишуда ҷонибҳо вазифаҳоеро муайян намуданд, ки дар оянда амалӣ мешаванд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates